Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид

Сентябрь 21, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари ҷавони тоҷик Беҳрӯз Умаров дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба намуди бокс ба хотири Устоди варзиши ИҶШС Аскар Сатибаев дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар вазни 55 кг иштирок намуда, бар ҳама рақибонаш ғолиб омад ва соҳиби медали тилло гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад. 

Беҳрӯз Умаров ҳамчунин беҳтарин муштзани ин мусобиқаи байналмиллалӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон эълон карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур муштзанҳо аз 5 давлат иштирок ва рақобат намуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 21, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд