Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр дар шаҳри Сеул аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Ёддошти тафоҳум бо назардошти муносибатҳои дӯстона, эҳтироми мутақобил, фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ, инчунин манфиатҳои муштарак ба хотири таҳким ва тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои маориф ва таҳсилоти олӣ ба имзо расид.
Ҳадафи Ёддошти тафоҳум фароҳам овардани заминаи институтсионалӣ барои рушди ҳамкории устувор байни ҷонибҳо дар соҳаҳои маориф, таҳқиқот ва инноватсия мебошад.
Ёддошти тафоҳуми мазкур мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҳар ду давлат ва дар доираи сиёсату расмиёти дахлдори ҷонибҳо дар соҳаи маориф амалӣ карда мешавад. Дар доираи он дастгирӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои таҳсилоти олӣ ва инноватсия ба манфиати мутақобил, тавсеаи ҳамкории мустақим байни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳар ду давлат, аз ҷумла мубодилаи мутахассисон, омӯзгорон ва профессорон, инчунин ташкили конференсияҳо, симпозиумҳо ва семинарҳои муштарак дар назар дошта шудааст.
Ёддошт инчунин ба ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, аз ҷумла мубодилаи таҷриба, татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ ва омода намудани мутахассисону муҳаққиқон, дастгирӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар доираи ташаббусҳои муштараки академӣ, аз ҷумла таҳия ва ҳамоҳангсозии барномаҳои таълимӣ, аккредитатсия ва ташкили таҳсилоти омехта ва фосилавӣ мусоидат менамояд.
Мақсади имзои Ёддошт ҳамкорӣ дар татбиқи технологияҳои муосир дар низоми маорифи худ, аз ҷумла платформаҳои онлайнӣ, барномаҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, бо мақсади пешбурди инноватсия ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ, маърифатӣ ва иҷтимоӣ, дастгирии барномаҳои табодули донишҷӯён байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо мақсади тавсеаи донишҳои академӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ мебошад.
Дар доираи қонунгузории миллӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҷонибҳо метавонанд донишҷӯёни зинаҳои бакалавриат ва таҳсилоти баъд аз бакалавриатро барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии якдигар равон ва қабул намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






