Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Якчанд ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ ва мавзеъҳои дорои арзиши таърихию табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Рӯйхати муқаддамотии Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ хабар доданд.
Ба ин рӯйхат, аз ҷумла петроглифҳои мавзеъҳои Лангар, Даршайр, Шахта, Найзатош ва Бахмалҷилға, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир мебошанд, дохил шудаанд. Ҳамчунин мавзеъҳои қадимии таърихию табиии Кӯлдара, Лоҳутӣ, Оби Мазор ва Хонақо, ки дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҷойгир мебошанд, ба Рӯйхати муқаддамотии мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидаанд.
Петроглифҳои мазкур ва мавзеъҳои бостонӣ ҳамчун намунаҳои арзишманди мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон дорои аҳамияти муҳими илмӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ мебошанд.
Омӯзиш ва ҳифзи онҳо барои таҳқиқи таърихи тамаддуни қадимӣ ва рушди фарҳанги минтақа аҳамияти хос дорад.
Ворид гардидани ёдгориҳои мазкур ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО қадами муҳим дар самти муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, инчунин таҳкими корҳои ҳифз, омӯзиш ва муаррифии онҳо ба ҳисоб меравад.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






