14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд

Октябрь 14, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ин ҷашни касбӣ ба хотири эътирофи саҳми соҳибкорон дар рушду пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ таъсис дода шудааст. 14 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат мулоқоти расмӣ анҷом доданд.

Дар ин вохӯрӣ Сарвари давлат нақши соҳибкоронро ҳамчун «неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ва созандаву ободкори Ватан» махсус таъкид намуда, шиори «Соҳибкорӣ — муҳаррики иқтисодиёт»-ро пешниҳод карданд. Маҳз ҳамин сана ҳамчун заминаи асосӣ барои таъсиси рӯзи касбии соҳибкорон дар Тоҷикистон интихоб гардид.

Дар ин замина барои ба таври расмӣ ҷашн гирифтани ин сана 18 марти соли 2015 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Мувофиқи ин қонун, 14 октябр дар Тоҷикистон расман Рӯзи соҳибкорон эълон гардид ва ба рӯйхати ҷашнҳои миллии ҷумҳурӣ ворид карда шуд.

Бахшида ба ин сана дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилачорабиниҳо ва «Ҳафтаи соҳибкорӣ» гузаронида мешавад. Инчунин дар доираи ин ҷашн соҳибкорони муваффақу фаъоли ватанӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд. Имрӯз соҳибкорӣ яке аз қувваҳои асосии пешбарандаи иқтисоди миллӣ эътироф гардидааст. Он дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, афзоиши ҷойи кор ва баланд гардидани сатҳи зиндагии шаҳрвандон нақши бузург дорад.

Рӯзи соҳибкорон санаи рамзии таҳкими шарикии давлат ва бахши хусусӣ буда, дар заминаи он пайваста барои осон кардани фаъолияти тиҷоратӣ имтиёзҳои нав, ба монанди зиёда аз 110 номгӯй имтиёзҳо ва мораторийҳо пешбинӣ мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки барои рушди соҳибкорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи соҳибкорон эълон гардидани 14 октябр нишони ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат нисбат ба рушди соҳибкорӣ ва соҳибкорони ватанӣ мебошад. Маҳз бо шарофати ғамхорию таваҷҷуҳи Пешвои миллат соҳибкорон, ки яке аз бахшҳои фаъол ва пешбарандаи рушди иқтисоди миллиянд, соҳиби иди касбӣ гардиданд. Ҳамасола дар рӯзи таҷлили иди касбии соҳибкорон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ ва тиҷоратӣ вохӯрию суҳбат анҷом дода, доир ба рушди соҳибкорӣ машварату пешниҳодҳои судманд медиҳанд. Ин иқдоми Пешвои миллат соҳибкорони ватаниро нисбат ба пешаи ихтиёрнамудаашон дилгарму руҳбаланд намуда, водор менамояд, ки беш аз ҳарвақта дар рушди иқтисоди кишвар, ғанӣ гардонидани буҷети давлат ва некуаҳволии ҷомеа саҳми шоиста гузоранд.

Чун анъана дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони бахши хусусӣ мулоқот менамоянд. Аз ҷумла, имрӯз дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони мамлакат баргузор гардид.

Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» майдони васеи муколама, ҳамкорӣ ва муаррифии имконоти нави соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мебошад. Барномаи форум самтҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва соҳибкории муосирро фаро гирифта, аз форуми давлат ва бахши хусусӣ, форуми сармояи венчурӣ, G10 Insight Forum 2026, чорабиниҳои параллелӣ ва намоишгоҳи дастовардҳои соҳибкории ватанӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ иборат аст.

Дар доираи форум намояндагони бахши давлатӣ ва хусусӣ, соҳибкорону сармоягузорон, институтҳои молиявӣ ва рушд, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон, стартапҳо ва намояндагони экосистемаи венчурӣ барои баррасии имконоти нави сармоягузорӣ, инноватсия, технология, рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҳамкории нав машварат менамоянд.

Форум инчунин барои муколамаи мустақим, табодули таҷриба, муаррифии лоиҳаҳо, барқарор намудани робитаҳои нави тиҷоратӣ ва шарикии дарозмуддат фазои мусоид фароҳам меорад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Октябрь 14, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
Исломиддин Раҳмон: «Яке аз вазифаҳои олии стандартизатсия ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон мебошад»
Тоҷикистон ва Ҷопон бунёди пули нав аз болои дарёи Кофарниҳонро баррасӣ намуданд
Намояндагони Тоҷикистон дар мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ иштирок намуданд