Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид

Октябрь 2, 2026 11:41

ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия соли 2025 2 миллиарду 472,5 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2024   24,8 фоиз афзоиш ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин тамоюл соли 2026 низ идома ёфта, дар моҳҳои январ–август ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни ду давлат ба 1 миллиарду  676,5 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025    16,4 фоиз зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки Федератсияи Русия ҳамасола дар сохтори ҷуғрофии савдои хориҷии Тоҷикистон дар рӯйхати шарикони асосии тиҷоратӣ дар ҷойи якум қарор дошта, ин нишондиҳанда тадриҷан тамоюли афзоиш дорад.

Ёдовар мешавем, ки 1 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин баргузор гардид. Дар он таваҷҷуҳи асосӣ ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарони  давлатҳо ва дар ҳамин замина ба истифодаи пурраи имконияти мавҷуда барои таҳкими робитаҳои дуҷониба равона карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 2, 2026 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад