Афзалияти ҷашни бостонии тоҷикон–Меҳргон тавассути воситаҳои ахбори оммаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо расонаҳои хабарӣ ва воситаҳои ахбори оммаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ анъанаҳои ниёгон ва гуногунрангии таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ва фаротар аз минтақа ба таври васеъ муаррифӣ гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ хабар доданд, расонаҳои хабарӣ ва воситаҳои ахбори оммаи Аморот ба таърихи куҳан, табиати нотакрор, ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ, анъанаҳои ғании мардумӣ ва фарҳанги меҳмондорӣ барои рушди сайёҳии устувор, фарҳангӣ, этнографӣ ва экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Аз ин лиҳоз нашри хабарҳо оид ба Меҳргон, ки ҷашни ҳосил, фаровонӣ, меҳнати созанда ва арҷгузорӣ ба неъматҳои табиат мебошад, басе муҳим аст. Ин ҷашни бостонӣ анъанаҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва фарҳанги меҳмондории тоҷиконро таҷассум менамояд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ









COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






