Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд

Октябрь 19, 2026 15:56

ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ташрифи  роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон идома дорад.

Аз ҷумла нимаи дуюми имрӯз барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Муовини якуми Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Доняр Амангелдиев, Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Арипов, Муовини сарвазир/вазири корҳои хориҷии Покистон Муҳаммад Исҳоқ Дор ва  Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Александр Турчин ба Душанбе ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбарони ҳайатҳро намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки 20 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад.

Октябрь 19, 2026 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд