Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд

Октябрь 23, 2026 08:42

ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 22 октябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон чорабинии байналмилалии «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО – 2026» (ICAO SECURITY WEEK-2026) баргузор гардид, ки дар он ҳайати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентӣ Ҳабибулло Назарзода иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин яке аз форумҳои муҳими байналмилалӣ дар соҳаи таъмини бехатарии авиатсияи гражданӣ ба ҳисоб меравад. Дар кори ҳамоиши бунуфузи байналмилалӣ Котиби генералии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) Хуан Карлос Саласар, Директори Дафтари минтақавии Аврупо ва Атлантикаи Шимолии ИКАО Николас Ралло, инчунин роҳбарон ва намояндагони мақомоти авиатсияи граждании давлатҳои аъзои ИКАО иштирок намуданд.

Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) муассисаи махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид буда, соли 1944 дар асоси Конвенсияи Чикаго таъсис ёфтааст. Қароргоҳи он дар шаҳри Монреали Канада ҷойгир буда, 193 давлат, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзо ин созмон мебошанд. ИКАО стандартҳо ва амалияҳои тавсияшавандаи байналмилалиро таҳия намуда, ба таъмини бехатарӣ, амният, эътимоднокӣ ва рушди устувори нақлиёти ҳавоӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

«Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» (ICAO SECURITY WEEK-2026) роҳбарони мақомоти авиатсионӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, фурудгоҳҳо ва коршиносони соҳаро ба ҳам оварда, барои баррасии масъалаҳои мубрами соҳа, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои муассири муқовимат ба таҳдидҳои муосир замина фароҳам меорад.

Иштироки ҳайати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии байналмилалӣ барои омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи кишварҳо, густариши робитаҳои соҳавӣ ва таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ аҳамияти муҳим дорад. Ҳамзамон натиҷаҳои чунин ҳамкорӣ метавонанд ба такмили низоми бехатарӣ ва амнияти авиатсионӣ, мутобиқсозии фаъолияти соҳа ба стандартҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои нақлиёти ҳавоӣ дар кишвар мусоидат намоянд.

Дар баробари ин, рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ яке аз омилҳои муҳими зиёд намудани шумораи парвозҳо, кушодани хатсайрҳои нави байналмилалӣ, ҷалби шарикони нав ва таҳкими мавқеи транзитии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ба шумор меравад.

Бояд таъкид кард, ки аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) аз 7 то 19 ноябри соли  2026 дар самти таъмини бехатарии авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш гузаронида мешавад.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 23, 2026 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад