Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд

Октябрь 17, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 17.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15-16 октябр дар шаҳри Санкт –Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология доир гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба фаъолияти касбии коршиносони соҳаи захира ва коркарди канданиҳои фоиданоки маъмул, Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба барҳам додани таҳдидҳои радиатсионӣ-экологӣ, ташкил ва фаъолгардонии ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи фаромарзии табиӣ, тағйирёбии иқлим, Барномаи Созмони Миллали Муттаҳид–Хабитат, рушди устувори минтақаҳои куҳӣ, тақвияти бехатарии озуқаворӣ дар фазои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва масъалаҳои дигари марбут ба соҳаи кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ баррасӣ гардида, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Инчунин намояндагони парлумони мамлакат дар ҳамоиш оид ба масъалаи партовҳои химиявӣ ва лампаҳои симобдор оид ба мавзӯи баррасишаванда, мавқеи Тоҷикистон, таҳкими қонунгузорӣ ва корҳои дар кишвар амалигардида суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон ҳайати парлумони мамлакат бо Котиби генералии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Дмитрий Кобитский вохӯрӣ намуданд.

Ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкории кумитаҳои марбутаи Маҷлиси Олиро   бо комиссияи дахлдори ин ниҳод баррасӣ намудан.

 АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 17, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид