Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 сентябр то 2 октябри соли равон мутахасcисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти ширкати пешбари инноватсионии тухмипарварии Чин- Xinjiang Jinghua Seed Industry Co., Ltd. (дар ҳайати корпоратсияи Longping High-tech) шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ассотсиатсияи пахта ва нассоҷии Тоҷикистон.
Ҳадафи асосии сафар омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва таҳкими муносибатҳои шарикӣ бо ин ширкат буда, дар ҳайат намояндагони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва роҳбарони корхонаҳои пешбари бахши хусусии вилояти Суғд шомил буданд.
Ҳайат бо пойгоҳи илмӣ-тадқиқотии ширкат ба таври муфассал шинос шуда, аз озмоишгоҳҳои муосири селексионӣ, генетикаи молекулавӣ ва майдонҳои намоишӣ дидан карда, бо пахтакорони чинӣ вохӯрӣ намуданд.
Ҷониби Чин дастовардҳои охирини худро дар соҳаи биотехнология, аз ҷумла парвариши навъҳои сермаҳсули пахта муаррифӣ намуданд, ки ҳосилнокии устувори истеҳсолии онҳо 7,5–12 тонна пахтаи хомро аз ҳар гектар ташкил медиҳад ва ба шароити номусоиди иқлимӣ, хушксолӣ ва ҳашароти зараррасон тобовар мебошанд.
Ба технологияҳои мониторинги рақамии киштзорҳо, усулҳои инноватсионии омодасозии маводи тухмӣ, ки ба таври назаррас баланд бардоштани ҳосилнокиро имконпазир мегардонанд, равандҳои инноватсионии агротехникӣ ва обёрӣ, инчунин назорати сифати нахи пахта диққати махсус дода шуд. Аъзои ҳайат сатҳи автоматикунонии равандҳои истеҳсолӣ ва иқтидори илмӣ-техникии ҳамкасбони чиниро баланд арзёбӣ карданд.
Дар доираи вохӯриҳо ҷонибҳо масъалаҳои таъмини тухмиҳои босифати пахта, дурнамои интиқоли технологияҳо, гузаронидани озмоишҳои муштараки саҳроии навъҳои инноватсионӣ, инчунин оғози барномаҳои табодули таҷриба байни кормандони илмиро баррасӣ намуданд. Намояндагони бахши хусусӣ ба татбиқи тиҷоратии дастовардҳои селексионии Чин бо мақсади навсозии маҷмааи агросаноатии ватанӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Дар натиҷаи ин сафари омӯзишӣ оид ба таҳияи нақшаи роҳи ҳамкорӣ мувофиқаҳои пешакӣ ҳосил гардиданд. Ҷорӣ намудани равишҳои инноватсионии муаррифишуда бояд ба рушди пахтакории миллӣ такони ҷиддӣ бахшад, дар тухмипарварии пахта сатҳи сифатан нави истиқлолияти технологиро таъмин намояд ва ба истеҳсоли нахи босифати пахта ва маҳсулоти нассоҷӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат кунад.
АКС: Ассотсиатсияи пахта ва нассоҷии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






