Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд

Октябрь 19, 2026 10:25

ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар шаҳри Бағдоди Ҷумҳурии Ироқ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар дар нишасти 52-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Идибек Қаландар дар ҳамоиши мазкур мавқеи Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи нишаст муаррифӣ намуд ва аз кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ барои ҳамкорӣ дар татбиқи муштараки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, муҳити зист ва таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда даъват  намуд.

Инчунин дар доираи нишаст муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо муовини Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон оид ба масъалаҳои сиёсӣ Шайх Халифа Ал-Ҳарисӣ мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ду мамлакат, инчунин ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 19, 2026 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд