Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид

Октябрь 28, 2026 15:17

ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Игор Ангеловский ҳайати васеи дастаро барои иштирок дар Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» эълон кард. Мусобиқа аз 14 то 19 ноябр дар шаҳри Сисакети Таиланд баргузор мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ба рӯйхати васеи мунтахаби Тоҷикистон 37 футболбоз шомил шудаанд, ки аз ин шумора 4 нафар дарвозабон, 13 нафар ҳимоятгар, 13 нафар нимҳимоятгар ва 7 нафар ҳамлагар мебошанд. Аз байни  онҳо барои иштирок дар мусобиқа 24 футболбоз ба ҳайати ниҳоии даста дохил карда мешаванд.

Дар рақобати нимниҳоии мусобиқаи «King’s Cup 2026» яккачини Тоҷикистон бо тими миллии Умон, ки дар раддабандии феълии ФИФА мақоми 81-умро ишғол мекунад, вомехӯрад. Дар бозии дигари нимниҳоӣ мунтахабҳои Тайланд ва Бруней бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. Бозиҳои нимниҳоӣ рӯзи 14 ноябр дар Варзишгоҳи музофотии Сисакет баргузор мегарданд.

Ғолибони вохӯриҳои нимниҳоӣ ба финал роҳ ёфта, дастаҳои мағлубшуда барои ба даст овардани ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Бозиҳои ҳалкунандаи мусобиқаи «King’s Cup 2026» рӯзи 17 ноябр доир мешаванд.

 АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 28, 2026 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд