Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид

Октябрь 1, 2026 15:50

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатииКомиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин баргузор гардид, таваҷҷуҳи асосӣ ба  иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарони  давлатҳо ва дар ҳамин замина ба истифодаи пурраи имконияти мавҷуда барои таҳкими робитаҳои дуҷониба равона карда шуд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки Федератсияи Русия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики боэътимоди стратегӣ ба ҳисоб рафта, рушди ҳамкории ду давлат дар асоси заминаи устувори ҳуқуқию  танзимкунанда ва  иродаи сиёсию  таваҷҷуҳи доимии сарони давлатҳо — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир  Путин  таъмин карда мешавад.Иттилоъ дода шуд, ки то охири соли 2025 ҳаҷми савдо миёни кишварҳо ба сатҳи баландтарин — 2,47 миллиард доллар расида, содироти маҳсулот ба Федератсияи Русия 2,5 дарсад афзудааст.

Татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва афзоиши  ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ду давлат мисоли равшани рушди робитаҳои дуҷониба арзёбӣ гардида, истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда, дар самти таҳкими боз ҳам бештари  робитаҳо зарур шуморида шуд.


Ҷонибҳо таъмини иҷрои супориш ва мувофиқаҳои дар сатҳи олӣ бадастомадаро зарур арзёбӣ намуданд.

Тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду сармоягузорӣ, энергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ низ   муҳим арзёбӣ гардида ба таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди  ашёи хом таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ бо Русия диққат махсус медиҳад ва  имзои ҳар як санади нави ҳамкорӣ заминаи ҳуқуқию меъёрии муносибатҳои байниҳукуматиро таҳкими бештар мебахшад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 1, 2026 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд