Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад

Октябрь 16, 2026 11:22

ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади густариши ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби сармоягузории устувор ва рушди иқтидори миллӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории стратегӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти S.P.O.N.S.O.R.* (SCOP) аз Гертсогии Бузурги Люксембург таҳия гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳадафи асосии ҳамкорӣ фароҳам овардани заминаи мусоид барои ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ, дастрасӣ ба маблағгузории байналмилалии иқлимӣ ва таҳияву татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар доираи ҳамкории пешбинишуда масъалаҳои татбиқи Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим, иҷрои Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (NDC), коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди иқтисоди «сабз» мавқеи муҳим доранд.

Ҳамзамон ҷалби шарикони байналмилалӣ, муассисаҳои молиявии рушд, фондҳои байналмилалии иқлимӣ ва сармоягузорони хусусӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки ҳамкории пешбинишуда ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла, имконияти ҳамкорӣ бо Фонди иқлими сабз (GCF), Фонди глобалии экологӣ (GEF), Фонди мутобиқшавӣ ва бонкҳои бисёрҷонибаи рушд баррасӣ карда мешаванд.

Яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ истифодаи платформаи рақамии S.P.O.N.S.O.R. барои муайянсозӣ, таҳия, сохторбандӣ, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги лоиҳаҳо, инчунин мусоидат ба муаррифии онҳо ба сармоягузорони эҳтимолӣ мебошад. Истифодаи чунин воситаҳо метавонад ба баланд бардоштани шаффофият, самаранокии идоракунии лоиҳаҳо ва беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ байни ҷонибҳои манфиатдор мусоидат намояд.

Мутобиқи муқаррароти Ёддошти тафоҳум, дар доираи ҳамкорӣ тақвияти механизмҳои мониторинг, ҳисоботдиҳӣ ва арзёбии натиҷаҳои лоиҳаҳо (MRV), инчунин дастгирии татбиқи Чаҳорчӯбаи такмилёфтаи шаффофият (ETF) пешбинӣ мегардад. Ин раванд барои беҳтар намудани низоми баҳисобгирӣ ва арзёбии натиҷаҳои иқлимӣ ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим дорад.

Татбиқи чунин ташаббусҳо метавонад барои густариши ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби захираҳои молиявӣ ва технологӣ, рушди инфрасохтори устувор ва пешбурди ҳадафҳои экологию иқлимии кишвар заминаи мусоид фароҳам оварад.

Ёддошти тафоҳум ҳамчун заминаи пешбинишудаи ҳамкории стратегӣ ба рушди шарикии байниидоравӣ ва байналмилалӣ дар самти сармоягузории устувор, маблағгузории иқлимӣ ва ҳифзи муҳити зист равона гардидааст.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

*S.P.O.N.S.O.R. (SCOP)- ширкати финтехӣ аст, ки ҳамчун кооператив (SCOP — Société Coopérative) ташкил шудааст. Он аз зеҳни сунъӣ барои суръат бахшидан ба маблағгузории лоиҳаҳои энергияи барқароршаванда ва декарбонизатсияи саноатӣ истифода мебарад. Қароргоҳи он дар ​​Люксембург буда, соли 2025 таъсис дода шудааст.

 

 

Октябрь 16, 2026 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд