Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр зимни вохӯрии директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод бо намояндагони Фонди нафақаи Гурҷистон масъалаҳои рақамикунонии низоми нафақа, пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ, идоракунии маълумот ва ҳамгироии низомҳои иттилоотии давлатӣ баррасӣ гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 14 октябр дар доираи лоиҳаи «Модернизатсияи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ дар Тоҷикистон» вохӯрии директори Агентӣ бо намояндагони Гурҷистон баргузор гардид. Дар он ҷонибҳо доир ба ҳифзи маълумоти шахсӣ, амнияти иттилоотӣ ва таъмини устувории молиявии низоми нафақа мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин дар вохӯрӣ истифодаи таҷрибаи амалӣ ва табодули дониш байни мутахассисон баррасӣ гардид. Гуфта шуд, ки он ба истифодаи роҳҳои муассири идоракунӣ ва такмили минбаъдаи низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 900 ҳазор нафақагир ба қайд гирифта шудааст. Бо мақсади такмили идоракунии низом ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани технологияҳои рақамӣ, рушди баҳисобгирии инфиродӣ ва такмили равандҳои таъйину пардохти нафақаро вусъат медиҳад.
Таъкид шуд, ки низоми нави иттилоотӣ ва Феҳристи ягонаи нафақагирон барои мутамарказсозии маълумот ва баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ замина фароҳам меоранд. Баҳисобгирии инфиродӣ имкон медиҳад, ки маълумот дар бораи собиқаи меҳнатӣ ва саҳмҳои суғуртавии шаҳрвандон мукаммал гардида, ҳангоми таъйини нафақа истифода бурда шавад.
АКС: Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






