Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид

Октябрь 21, 2026 15:50

ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Бобозода иброз намуд, ки «ин ҷашнвора бо мақсади рушди ҳамкорӣ байни театрҳои лӯхтаки давлатҳо гузаронида мешавад. Соли ҳаштум аст, ки дар он  намоишҳои наву ҷолиб баргузор мегарданд».

Таъкид гардид, ки Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг мусоидат менамояд. Имсол ҳунармандони давлатҳои мухталиф беҳтарин намоишҳои худро пешниҳоди дӯстдорони театр мегардонанд.

Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» дар ду сол як маротиба баргузор мешавад. Ҳадафи аслии он таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.

Муовини директори Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе Ҷӯрахон Сафаров иброз дошт, ки «дар ифтитоҳи ин ҷашнвора аз ҷониби ҳунармандони театри мо намоиши «Роҳе, ки мо ба ёд дорем» пешниҳод мегардад. Дар Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалӣ театрҳои лӯхтак аз давлатҳои Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Русия намоишҳояшонро пешниҳод менамоянд. Он ба иди хотирмони наврасон ва рӯзи сурурбахши театрҳои лӯхтак табдил меёбад».

Дар ин ҷашнвора аз Тоҷикистон театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Душанбе, Бӯстон ва Бохтар иштирок мекунанд. Театрҳои лӯхтаки Тоҷикистон намоиши миллӣ омода намуда, тамошобинонро бо анъанаҳои фарҳангӣ ва таърихии халқи тоҷик шинос месозанд.

Ҳунарманди Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе Геран Одинаева иброз намуд, ки «ин фестивал пулест байни театрҳои лӯхтаки давлатҳо, зеро ҳамкории театрҳо барои рушди фарҳанг ва табодули таҷриба аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Театр яке аз воситаҳои пуртаъсир ва муаррифи таърихи миллати тоҷик ба хориҷиён аст. Вақте театрҳо дар фестивалҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд, анъанаҳои миллии худро муаррифӣ месозанд. Ягон санъат дар танҳоӣ рушд карда наметавонад».

«Дар рӯзи нахустини ҷашнвора меҳмонон аз лӯхтаки Ашагулон пурсон шуданд. Ашагулон — ин лӯхтаки анъанавии маросимӣ дар фарҳанги тоҷикон аст, ки дар замонҳои қадим ва ҳатто имрӯз дар баъзе деҳоти Тоҷикистон барои талаб кардани борон дар вақти хушксолӣ истифода мешавад. Ин маросим ва лӯхтак яке аз қадимтарин намунаҳои санъати театрии анъанавии халқи тоҷик ба шумор меравад»,-гуфт Геран Одинаева.

Ёдовар мешавем, ки Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак бо номи «Чодари хаёл» то 26 октябр идома меёбад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 21, 2026 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд