АЗ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ТО ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Марҳилаи нави ислоҳоти давлатӣ

Октябрь 15, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ муносибатҳои давлат ва ҷомеа тадриҷан мазмуну шакли нав касб менамоянд. Имрӯз истифодаи имкониятҳои технологӣ на танҳо ба такмили фаъолияти мақомоти давлатӣ, балки ба баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо, содагардонии расмиёти маъмурӣ ва таъмини дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои давлатӣ равона гардидааст.

-Аз ин нигоҳ, масъалаи асосии раванд танҳо бо ҷорӣ намудани технологияҳои нав маҳдуд нагашта, инчунин фарогири ташкили низоми идоракуние мебошад, ки дар он фаъолияти мақомоти давлатӣ ҳамоҳанг, истифодаи захираҳои иттилоотӣ мақсаднок ва муносибат бо шаҳрванд содаю шаффоф мебошад.

Моҳияти ин дигаргуниро метавон аз тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дарк намуд

Шаҳрванд ҳангоми гирифтани ҳуҷҷат, бақайдгирии маълумот, тасдиқи ҳуқуқ ё истифодаи дигар хизматрасонии пешбининамудаи қонун, пеш аз ҳама, ба натиҷаи мушаххас ниёз дорад. Аммо пешниҳоди як хизматрасонӣ метавонад иштироки чанд мақом, санҷиши маълумот дар низомҳои гуногун ва анҷом додани расмиёти маъмуриро талаб кунад. Барои муроҷиаткунанда муҳим он аст, ки ин ҳамкорӣ дар дохили низоми давлатӣ таъмин шуда, зарурати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои такрорӣ ва муроҷиати барзиёд ба ҳадди имкон танзим карда шавад.

Ҳукумати электронӣ ба ҳалли маҳз ҳамин вазифаҳо мусоидат менамояд. Моҳияти он истифодаи ҳамоҳангшудаи технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, мубодилаи қонунии маълумот, гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳо мебошад. Ба ибораи дигар, ҳукумати электронӣ танҳо имкони пешниҳоди ариза тавассути интернет ё гирифтани маълумотнома дар шакли электронӣ намебошад. Он низоми ба ҳам алоқамандест, ки фаъолияти мақомоти гуногунро тавассути воситаҳои рақамӣ ҳамоҳанг намуда, барои иҷрои самараноки вазифаҳои давлатӣ замина фароҳам меорад.

Аҳамияти амалии чунин низом, пеш аз ҳама, дар тағйир ёфтани тартиби ҳамкории давлат бо шаҳрванд зоҳир мешавад

Агар маълумоти зарурӣ аллакай дар ихтиёри мақомоти давлатӣ мавҷуд бошад ва қонунгузорӣ мубодилаи онро иҷозат диҳад, набояд зарурат ба миён ояд, ки муроҷиаткунанда ҳамон маълумотро аз як мақом гирифта ба мақоми дигар пешниҳод кунад. Дар чунин ҳолат ҳамоҳангсозии маълумот вазифаи худи низоми давлатӣ мебошад.

Ин равиш метавонад муҳлати пешниҳоди хизматрасониҳоро кӯтоҳ, хароҷоти маъмуриро кам ва истифодаи захираҳои давлатиро самараноктар созад.

Бо вуҷуди ин, гузариш ба ҳукумати электронӣ танҳо дигаргунсозии воситаҳои техникии корро дар назар надорад. Он бознигарии мазмун ва тартиби хизматрасониҳо, муайян намудани масъулияти мақомоти дахлдор, такмили асосҳои ҳуқуқии мубодилаи маълумот ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро тақозо менамояд. Технология дар идоракунии давлатӣ ҳамон вақт арзиши воқеӣ пайдо мекунад, ки истифодаи он бо талаботи қонун, амнияти иттилоотӣ, масъулияти ниҳодҳо ва натиҷаи барои ҷомеа эҳсосшаванда ҳамоҳанг бошад.

Аз диди стратегӣ, рушди ҳукумати электронӣ бояд ҳамчун бахши таркибии ислоҳоти идоракунии давлатӣ арзёбӣ гардад

Ҳадаф ташаккули муҳити ягонаи рақамӣ, баланд бардоштани қобилияти ҳамкории мақомоти давлатӣ ва беҳтар намудани таҷрибаи шаҳрванд ҳангоми истифодаи хизматрасонӣ мебошад. Ба ин маънӣ, муваффақият бо ҳаҷми корҳои техникӣ маҳдуд намешавад, чун он аз рӯйи сарфаи вақт, коҳиши хароҷот, эътимоднокии низом ва сатҳи қаноатмандии муроҷиаткунандагон арзёбӣ мегардад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин вазифа бо ҳадафҳои рушди иқтисоди рақамӣ, беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ, баланд бардоштани шаффофияти идоракунӣ ва таҳкими иқтидори институтсионалии давлат робитаи мустақим дорад. Тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва технологие, ки солҳои охир андешида шудаанд, бояд ҳамчун қисматҳои ба ҳам алоқаманди як раванд баррасӣ гарданд. Танҳо дар сурати пайванди ҳадафҳои сиёсати давлатӣ ба тартиби иҷро, масъулияти муассисаҳо ва нишондиҳандаҳои арзёбӣ имкониятҳои рақамикунонӣ ба натиҷаҳои устувор табдил меёбанд.

Маҳз бо назардошти чунин зарурат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди технологияҳои рақамӣ ва инноватсияро дар меҳвари сиёсати навсозии иқтисоди миллӣ қарор додаанд. Дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон шаванд. Ин ташаббус бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025, заминаи расмӣ пайдо кард.

Аҳамияти он пеш аз ҳама дар муайян гардидани уфуқи чандсолаи ислоҳот ва пайвастани рушди технология ба ҳадафҳои асосии иқтисодию иҷтимоии мамлакат ифода меёбад. Дар доираи чунин равиш рақамикунонӣ ба вазифаи муштараки ниҳодҳои давлатӣ, соҳаҳои истеҳсолӣ ва бахши хизматрасонӣ табдил меёбад.

Роҳбарии Сарвари давлат ба он мусоидат менамояд, ки ташаббуси умумимиллӣ бо тадбирҳои пайгиронаи ҳуқуқӣ ва ташкилӣ тақвият ёбад. Аз ҷумла, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2026, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026-2030 ва нақшаи чорабиниҳои он тасдиқ гардиданд. Дар ин ҳуҷҷат такмили қонунгузорӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, электронӣ намудани хизматрасониҳои давлатӣ, омодасозии кадрҳо, истифодаи технологияҳои пешрафта ва таъмини амнияти киберӣ ҳамчун самтҳои бо ҳам пайваста пешбинӣ шудаанд. Бо ҳамин пайдарҳамӣ ҳадафи сиёсӣ ба вазифаҳои барномавӣ, чорабиниҳои соҳавӣ ва механизми назорати иҷро пайваст мегардад. Ин тартиб барои истифодаи мақсадноки захираҳо ва таъмини давомнокии ислоҳот аҳамияти калидӣ дорад.

Марҳилаи муҳими дигари ин раванд ҷаласаи якуми Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки 19 августи соли 2026 таҳти раёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Президенти мамлакат масъалаҳои рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳамгироии махзанҳои маълумотро бо зарурати беҳтар шудани зиндагии мардум, сарфаи вақти шаҳрвандону соҳибкорон ва шаффофияти хароҷот пайваст намуданд. Дар ҷаласа чор принсипи роҳнамо муайян гардид: натиҷаи мушаххас барои инсон ва иқтисод, ташкили сохтори ягонаи рақамии давлат, пешниҳоди маълумот танҳо як маротиба ва дастрасии баробари шаҳрвандон ба хизматрасониҳо. Ҳамзамон таъкид шуд, ки нақшаҳои минбаъда бояд бо муҳлат, манбаи маблағгузорӣ, масъулияти роҳбарон ва натиҷаҳои арзёбишаванда асоснок гарданд. Ин дастурҳо ба ислоҳот самти амалӣ бахшида, меъёри арзёбии муваффақияти лоиҳаҳоро мушаххас мекунанд.

Бо чунин заминаи сиёсӣ ва барномавӣ масъалаи асосӣ ба сифати татбиқ мегузарад

Тоҷикистон ҳамзамон инфрасохтори рақамиро рушд медиҳад, хизматрасониҳои давлатӣ ва феҳристҳои соҳавиро такмил медиҳад ва заминаҳои ҳуқуқии мубодилаи маълумотро мустаҳкам менамояд. Ҳар яке аз ин корҳо натиҷаи алоҳида дорад, аммо самараи бештар ҳангоми пайвастани онҳо ба як низоми мувофиқ ба даст меояд. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат дар банақшагирии стратегӣ бояд нақши ҳар мақом, тартиби ҳамкорӣ ва натиҷаи интизоршавандаи ҳар тадбир пешакӣ муайян карда шавад.

Асоси ҳуқуқии муносибатҳои хизматрасонӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» аз 2 апрели соли 2020 мебошад. Дар доираи рушди муҳити рақамӣ, такмили қонунгузорӣ бояд тамоми роҳи пешниҳоди хизматрасониро фаро гирад. Аз қабули ариза ва муайян намудани шахсият то баррасии муроҷиат, мубодилаи қонунии маълумот, пардохт ва пешниҳоди натиҷа бояд расмиёти равшан амал кунанд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2025, «Дар бораи масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ тариқи электронӣ» низ ба ҳамин самти ислоҳот такони иловагӣ бахшидааст. Дар натиҷа, тағйири шакли хизматрасонӣ бо такмили мазмуни ҳуқуқии он ҳамқадам сурат мегирад.

Барои фаъолияти устувори чунин низом Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» аз 15 марти соли 2023 аҳамияти махсус дорад. Санади мазкур асосҳои ҳуқуқии таҳия, гардиш ва истифодаи ҳуҷҷатҳо ва имзои электрониро муайян менамояд. Ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии фосилавӣ мақомоти дахлдор бояд шахсияти муроҷиаткунандаро бо усули пешбининамудаи қонун муайян кунанд, дурустии ҳуҷҷатро санҷанд ва эътибори ҳуқуқии натиҷаро таъмин намоянд. Дар баъзе хизматрасониҳо воситаҳои мушаххаси айнияткунонӣ, аз ҷумла алоқаи видеоӣ ё пардохти ғайринақдӣ, метавонанд бо риояи талаботи қонунгузорӣ истифода шаванд. Ин кафолатҳо ба рушди муносибатҳои боэътимоди электронӣ замина мегузоранд.

Мувофиқати меъёрҳои ҳуқуқӣ бо имкониятҳои технология масъалаи танҳо ҳуқуқшиносӣ ё барномасозӣ ба ҳисоб намеравад. Ҳангоми таҳияи як хизматрасонӣ бояд аз ибтидо маълум бошад, ки кадом мақом қарор қабул мекунад, аз кадом манбаъ маълумот мегирад, барои саҳеҳии он кӣ масъул аст ва шаҳрванд дар сурати норозигӣ бо кадом тартиб муроҷиат менамояд. Равшан кардани ин масъалаҳо то оғози татбиқи техникӣ хароҷоти иловагиро кам мекунад ва эътимоди истифодабарандагонро боло мебарад. Ҳамин муносибат ба татбиқи барномавии ислоҳот заминаи устувор мебахшад.

Аз нигоҳи сохторӣ, ҳукумати электронӣ аз якчанд унсури ба ҳам вобаста ташаккул меёбад

Низоми ҳамгироии байниидоравӣ, Портали ягонаи давлатии интернетӣ, Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ва захираҳои иттилоотии соҳавӣ вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд.

Барои шаҳрванд портали хизматрасонӣ даргоҳи асосии муроҷиат мешавад, дар ҳоле ки санҷиши маълумот ва ҳамоҳангии мақомоти масъул дар низомҳои дохилӣ сурат мегирад. Самаранокии умумӣ аз он вобаста аст, ки ин унсурҳо маълумотро бо тартиби мувофиқ ва бе такрори нолозими амалҳо мубодила карда тавонанд.

Масалан, ҳангоми дархост барои хизматрасоние, ки тасдиқи маълумоти дар феҳристи дигар мавҷудбударо талаб мекунад, тартиби ҳамгиро метавонад муроҷиати шаҳрванд ба чанд идораро ихтисор намояд. Барои расидан ба ин натиҷа танҳо пайвастани ду барнома кофӣ намешавад. Маълумоти мавриди истифода бояд саҳеҳ ва нав бошад, асоси ҳуқуқии дастрасӣ муайян гардад ва тағйири ҳар сабт бо тартиби муқарраршуда анҷом ёбад.

Ба ҳамин васила принсипи «маълумот танҳо як маротиба» дар амал татбиқ гардида, сарбории муроҷиаткунанда кам мешавад.

Дар айни замон, ҳамгироӣ талаботи ҳифзи маълумотро бештар мекунад. Пайваст будани феҳристҳо маънои дастрасии бемаҳдуди мақомоти гуногунро ба ҳамаи маълумотҳо надорад. Ҳар як мақом бояд танҳо ҳамон маълумотеро истифода барад, ки барои иҷрои вазифаи қонунӣ зарур аст. Сабти амалиёти дастрасӣ, маҳдуд будани ваколатҳои истифодабарандагон ва имкони санҷиши дурустии истифодаи маълумот барои таъмини тавозун миёни самаранокӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрванд хизмат мекунанд.

Бо ин асос, ташкили муҳити ягонаи рақамии давлат бояд ба қоидаҳои муштараки техникию ҳуқуқӣ такя кунад.

Стандартҳои мувофиқи мубодилаи маълумот, талаботи ягона ба сифат ва мукаммалии феҳристҳо, тартиби муайян намудани масъулият ва омодагӣ ба халалҳои техникӣ имкони фаъолияти пайвастаи низомро фароҳам меоранд. Чунин меъёрҳо инчунин ҷорӣ намудани роҳҳои нави ҳалро осон мекунанд, зеро мақомоти соҳавӣ метавонанд хизматрасониҳои худро бо инфрасохтори мавҷуда мувофиқ созанд. Ин равиш барои пешгирии хароҷоти такрорӣ ва нигоҳ доштани мустақилияти технологии давлат аҳамияти дарозмуддат дорад.

Дар ин самт таҷрибаи амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай заминаи муайян фароҳам овардааст. Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар беш аз 3000 мақомоту муассисаҳои давлатӣ ва зерсохторҳои онҳо бо назардошти истифодаи имзои электронӣ насб гардидааст. Шумораи истифодабарандагони низом аз 25 ҳазор нафар зиёд буда, марҳилаи татбиқи он дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ идома дорад.

Яке аз натиҷаҳои муҳимтарини ислоҳоти рақамӣ рушди хизматрасониҳои давлатии электронӣ мебошад

Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба фаъолият оғоз намуда, аз 927 номгӯйи хизматрасониҳои давлатии дар Феҳрист пешбинишуда, беш аз чоряки он ба портали мазкур ворид карда шудаанд. Маркази хизматрасониҳои давлатӣ низ фаъолияти худро оғоз намуда, то имрӯз беш аз 1 миллион шаҳрванд бо назардошти нафақагирон аз расмиёти айнияткунонӣ гузаштаанд.

Равзанаи ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ низ роҳандозӣ гардида, эътирофи расидҳои электронӣ дар амал ба роҳ монда шудааст. Инчунин раванди рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ имкон медиҳад, ки дар оянда воридоти маблағҳо аз ҳисоби чунин хизматрасониҳо дуруст ба нақша гирифта шавад.

Бознигарии расмиёти амалкунанда яке аз қисматҳои муҳими ҳамин ислоҳот мебошад. Пеш аз ба шакли электронӣ гузаронидани хизматрасонӣ мақомоти масъул метавонанд тартиби мавҷударо аз нигоҳи зарурати ҳар ҳуҷҷат, такрори марҳилаҳо ва муҳлати мувофиқа таҳлил намоянд. Дар натиҷаи чунин омӯзиш талаботи зиёдатӣ ихтисор гардида, вазифаҳои ба ҳам монанд муттаҳид мешаванд ва имкони гирифтани маълумот аз манбаи расмӣ муайян мегардад. Танҳо баъд интихоби роҳҳали техникӣ ба натиҷаи воқеан содашуда хизмат мекунад. Чунин пайдарҳамӣ дастурҳои роҳбарияти давлатро дар бораи натиҷагирӣ ба иҷрои амалии ҳаррӯза наздик месозад.

Ин тағйирот марҳилаи гузариш аз истифодаи воситаҳои электронӣ ба ташкили идоракунии рақамиро нишон медиҳад. Дар низоми аввал вазифаҳои пешина асосан бо ёрии барномаҳо иҷро мешаванд. Дар низоми мукаммалтар бошад, худи раванд бо дарназардошти имкони мубодилаи маълумот ва талаботи шаҳрванд аз нав тарҳрезӣ мегардад. Масалан, ҷойи чанд муроҷиати пайдарпайро як дархости муназзам гирифта метавонад ва маълумоти зарурӣ дар доираи қонун аз ҷониби мақомоти дахлдор санҷида мешавад. Барои Тоҷикистон чунин тағйири равиш имкони баланд бардоштани сифати хизматрасониҳоро бидуни афзоиши мутаносиби хароҷоти маъмурӣ фароҳам месозад.

Самти ояндадори дигар ташкили хизматрасониҳо бо назардошти вазъияти воқеии зиндагии шаҳрванд мебошад. Масалан, як рӯйдоди муҳим метавонад ҳамзамон сабти маълумот, тасдиқи ҳуқуқ ва гирифтани якчанд хизматрасонии бо ҳам алоқамандро талаб кунад. Агар тартиби қонунӣ ва низомҳои дахлдор барои ҳамкорӣ омода бошанд, давлат метавонад чунин хизматрасониҳоро дар доираи як раванди возеҳ пешниҳод намояд. Ҳангоми гузариш ба ин усул шаҳрванд аз имкони интихоб ва гирифтани шарҳи пурраи расмиёт бархӯрдор мегардад, мақомоти давлатӣ бошад, фаъолияти худро дар атрофи натиҷаи ниҳоӣ ҳамоҳанг мекунанд. Ин дурнамо метавонад сифати робитаи давлат ва ҷомеаро дар марҳилаи нави рушди ҳукумати электронӣ беҳтар созад.

Равзанаи имкониятҳои ҳукумати электронӣ аз бахши хизматрасониҳои маъмурӣ фаротар меравад
Содагардонии бақайдгирӣ, иҷозатдиҳӣ, гирифтани маълумотнома ва пардохтҳои давлатӣ метавонад барои соҳибкорон вақти бештар ҷиҳати фаъолияти истеҳсолӣ ва пешниҳоди хизматрасонӣ озод намояд. Вақте ки талабот равшан ва муҳлати иҷро пешбинишаванда мебошад, хавфи таъхир ва хароҷоти ғайричашмдошт коҳиш меёбад. Ин омилҳо барои рушди соҳибкории хурду миёна ва ҷалби сармоя аҳамияти амалӣ дошта, рақамикунониро ба воситаи беҳтар намудани муҳити иқтисодӣ табдил медиҳанд.

Дар соҳаҳои иҷтимоӣ низ ҳамоҳангии маълумот метавонад ба пешниҳоди хизматрасонии дақиқтар мусоидат намояд. Дар маориф дастрасии қонунии мақомоти масъул ба маълумоти зарурӣ барои бақайдгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ имкони кам кардани ҳуҷҷатгузории зиёдатиро фароҳам меорад. Дар тандурустӣ пайвастани низомҳои дахлдор, бо риояи қоидаҳои махсуси ҳифзи маълумоти ҳассос, метавонад идомаи хизматрасониро беҳтар созад. Дар самти ҳифзи иҷтимоӣ низ саҳеҳии феҳристҳо ва тартиби муайяни мубодилаи маълумот барои пешниҳоди кумакҳои мақсаднок аҳамият доранд. Татбиқи ҳар як чунин имконият таҳлили ҳуқуқӣ, омодагии соҳавӣ ва арзёбии эҳтиёҷоти шаҳрвандонро талаб мекунад.

Иқтидори иқтисоди рақамӣ ба бахшҳои истеҳсолӣ низ таъсир расонида метавонад

Барои кишоварзӣ, саноат, нақлиёт ва савдо дастрасӣ ба маълумоти боэътимод, истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ ва кам шудани расмиёти такрорӣ шароити беҳтари банақшагирӣ фароҳам меорад. Аз ҷумла, дар гардиши молу маҳсулот мувофиқати низомҳои бақайдгирӣ ва назорат метавонад ба кам шудани вақти коркарди маълумот мусоидат намояд. Аз ҳамин рӯ, сиёсати ҳукумати электронӣ бояд бо барномаҳои рақамикунонии соҳаҳои воқеии иқтисод робитаи пайваста дошта бошад. Ин робита имконият медиҳад, ки сармоягузорӣ ба технология ба маҳсулнокӣ ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ хизмат кунад.

Имконияти дигари стратегӣ истифодаи маълумоти саҳеҳ барои таҳлили раванди иҷрои барномаҳои давлатӣ мебошад. Вақте ки нишондиҳандаҳо бо усули ягона ҷамъоварӣ ва навсозӣ мешаванд, мақомоти масъул метавонанд тағйири талабот ба хизматрасонӣ, сарбории минтақаҳо ва самаранокии тадбирҳоро дақиқтар арзёбӣ кунанд. Чунин таҳлил қарорҳои асоснокро дастгирӣ менамояд ва барои муайян намудани афзалиятҳои маблағгузорӣ замина медиҳад. Дар айни замон, истифодаи маълумот барои таҳлил бояд бо ҳифзи маълумоти шахсӣ, муайян будани ҳадафи коркард ва назорати қонунии дастрасӣ ҳамоҳанг бошад.

Бо рушди таҳлили маълумот масъалаи истифодаи зеҳни сунъӣ дар хизматрасониҳои давлатӣ низ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ин самтро дар қатори афзалиятҳои сиёсати рақамӣ пешбинӣ менамояд. Воситаҳои таҳлилӣ метавонанд дар гурӯҳбандии муроҷиатҳо, ошкор кардани иштибоҳҳои техникии маълумот ва пешгӯии сарбории хизматрасонӣ мусодиат намоянд. Аммо истифодаи онҳо бояд бо меъёрҳои қонунӣ, назорати инсонӣ ва имкони шарҳи қарорҳои таъсиргузор ба ҳуқуқи шахс ҳамоҳанг гардад. Аз ин рӯ, арзёбии манфиат ва хатари ҳар роҳҳали нав пеш аз татбиқи васеи он барои рушди масъулиятноки технология аҳамияти асосӣ дорад.

Дар ҳамоҳангсозии ин тадбирҳо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ваколатҳои муқарраргардида нақши муҳим дорад. Вазифаи стратегӣ танҳо роҳандозии хизматрасониҳои алоҳида набуда, балки мусоидат ба ташаккули муҳити ягонаи рақамӣ, таҳкими меъёрҳои умумии ҳамгироӣ, мувофиқати роҳҳои ҳалли масъалаҳои техникӣ ва ҳамоҳангии мақомоти масъул мебошад.

Барои устувории раванд зарур аст, ки мақомоти соҳавӣ ҳамзамон барои мазмуни хизматрасониҳо, саҳеҳии маълумоти худ ва иҷрои уҳдадориҳои муқарраршуда масъулияти бевосита дошта бошанд.

Ҳамзамон, дар раванди рақамикунонӣ фаъолияти мақомоти соҳавӣ аҳамияти баробар дорад. Онҳо мазмуни хизматрасониҳо, талаботи махсуси ҳуқуқӣ, феҳристҳои соҳавӣ ва тартиби баррасии муроҷиатҳоро беҳтар медонанд. Мақоми ҳамоҳангсоз бояд ин таҷрибаро бо талаботи ягонаи техникӣ ва сиёсати умумӣ пайванд диҳад. Чунин тақсими вазифаҳо ба пешгирии кори такрорӣ, истифодаи мувофиқи маълумот ва ҷорӣ шудани низомҳои воқеан қобили истифода мусоидат менамояд.

Идомаи устувори ин раванд ба усулҳои мувофиқи техникӣ ва нигоҳдории дарозмуддати онҳо вобаста аст

Ҳангоми интихоби барномаҳо масъалаҳои пайвастшавӣ бо низомҳои мавҷуда, имконияти навсозӣ, хароҷоти истифода, ҳуқуқи дастрасӣ ба маълумот ва сатҳи мустақилияти технологӣ бояд ба назар гирифта шаванд. Дар ин замина дастгирии иқтидори мутахассисони ватанӣ, истифодаи стандартҳои мувофиқ ва роҳ надодан ба вобастагии ғайризарурӣ аз як роҳҳали техникӣ ба манфиати устувории фаъолияти давлатӣ хоҳад буд.

Дар идомаи тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатии рақамикунонӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ» фаъолияти худро ба татбиқи амалии лоиҳаҳои технологӣ ва рушди хизматрасониҳои электронии давлатӣ равона намудааст.

Дар доираи фаъолияти ҷамъият таҳия ва дастгирии барномаҳои рақамӣ, рушди низомҳои гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, такмили Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои технологии ҳамкории байниидоравӣ мавқеи хос доранд. Пешбурди ин самтҳо ба татбиқи ҳамоҳанги қарорҳои технологӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва ташкили шароити мусоид барои гузариши марҳилавии хизматрасониҳои давлатӣ ба муҳити рақамӣ мусоидат менамояд.

Аҳамияти стратегии фаъолияти ҷамъият, пеш аз ҳама, дар фароҳам овардани имкониятҳои амалии истифодаи технологияҳои рақамӣ барои такмили муносибатҳои давлат бо шаҳрвандону субъектҳои хоҷагидорӣ ифода меёбад.

Пайвастани низомҳои иттилоотӣ, рушди хизматрасониҳои фосилавӣ ва истифодаи воситаҳои муосири тасдиқи амалиёти электронӣ метавонанд ба содагардонии расмиёти маъмурӣ, баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти иқтисодӣ ва коҳиши хароҷоти вобаста ба пешниҳоди хизматрасониҳо мусоидат намоянд.

Дар ин замина, густариши имкониятҳои технологӣ барои баҳисобгирии дақиқи амалиёт, пайгирии раванди пешниҳоди хизматрасониҳо ва беҳтар гардидани дастрасии соҳибкорон ба хизматрасониҳои давлатӣ аҳамияти хос пайдо мекунад. Аз ин лиҳоз, рушди минбаъдаи фаъолияти ҷамъият дар ҳамбастагӣ бо афзалиятҳои сиёсати давлатии рақамикунонӣ метавонад ба ташаккули муҳити мусоиди соҳибкорӣ, тақвияти шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ ва истифодаи васеи имкониятҳои иқтисоди рақамӣ мусоидат намояд.

Мавзуи дигари бунёдӣ амнияти иттилоотӣ ва эътимоди ҷомеа мебошад. Ҳар қадар хизматрасониҳо бештар ба мубодилаи маълумот такя намоянд, ҳамон қадар зарурати пешгирии дастрасии беиҷозат, ҳифзи махзанҳо, сабти дурусти амалиёт ва таъмини фаъолияти устувори низомҳо меафзояд. Эътимоди шаҳрванд ба он вобаста аст, ки маълумоти ӯ танҳо дар доираи мақсад ва ваколати қонунӣ истифода шавад ва дар ҳолати ба миён омадани мушкил роҳи ҳимояи ҳуқуқи ӯ равшан бошад.

Ҳифзи иттилоот бояд аз марҳилаи тарҳрезии хизматрасонӣ оғоз гардад

Мақсад на танҳо пешгирии дастрасии беиҷозат, балки маҳдуд сохтани ҳаҷми маълумоти ҷамъоваришаванда ба эҳтиёҷи воқеии хизматрасонӣ, сабти асоси дастрасӣ ва муайян намудани масъулият дар ҳолатҳои эҳтимолии вайроншавии амният мебошад. Ҳар қадар қоидаҳои истифодаи маълумот возеҳтар бошанд, ҳамон қадар барои шаҳрванд асоси эътимод ба муносибатҳои рақамӣ бештар мегардад. Аз ин рӯ, амнияти иттилоотӣ бояд ҷузъи таркибии сифати хизматрасонӣ ҳисобида шавад.

Дар соли 2026 дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» дар назди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ иттилоъ дода шуд. Ҳадафи ин иқдом таҳкими амнияти киберӣ ва ҳифзи иттилоот дар низомҳои давлатӣ мебошад. Аз диди стратегӣ, рушди чунин иқтидор бояд бо муайян намудани масъулияти ниҳодҳои нигоҳдорандаи маълумот, арзёбии мунтазами хатарҳо, омодагии мутахассисон ва тадбирҳои таъмини фаъолияти мунтазами хизматрасониҳо пайванд дошта бошад. Амнияти иттилоотӣ на унсури иловагӣ, балки шарти эътимод ба низоми рақамии давлат аст.

Бо рушди хизматрасониҳои давлатӣ аҳамияти нақшаи ҳифзи иттилоот, назорати дастрасӣ, санҷиши мунтазами осебпазирӣ ва омодагии ниҳодҳо ба ҳолатҳои ғайричашмдошт меафзояд. Чунин амалҳо на танҳо кори мутахассисони техникӣ мебошанд; роҳбарон ва кормандони хизматрасон низ бояд масъулияти худро дар ҳифзи маълумот дарк кунанд. Аз ин нигоҳ, тартиби дохилии ҳар мақом ва ҳамкории он бо сохторҳои соҳавӣ қисмати ҷудонашавандаи амнияти умумии рақамӣ аст.

Меъёри дигари муҳим дастрасии баробари шаҳрвандон аст. Барои сокини деҳоти дурдаст хизматрасонии фосилавӣ метавонад хароҷоти рафтуомад ва вақти интизориро кам намояд. Барои соҳибкор содагии расмиёт ба беҳтар гардидани муҳити фаъолият мусоидат мекунад. Барои шахсони дорои маъюбият ё маҳдудияти ҳаракат, имкони муроҷиат аз фосила воситаи муассири истифода аз ҳуқуқу хизматрасониҳои давлатӣ шуда метавонад.

Барои он ки чунин имкониятҳо ба гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ дастрас бошанд, фарқияти шароити минтақаҳо ва сатҳи омодагии истифодабарандагон бояд ба инобат гирифта шавад. Дастрасии устувор ба интернет, мутобиқати хизматрасониҳо ба телефонҳои маъмулӣ, пешниҳоди роҳнамоҳои фаҳмо ва имкони гирифтани машварат дар ҳолатҳои зарурӣ аҳамияти амалӣ доранд. Рушди ҳукумати электронӣ танҳо дар сурате хусусияти фарогир пайдо мекунад, ки истифодаи хизматрасонӣ барои сокинони минтақаҳои дурдаст, шахсони калонсол ва дигар гурӯҳҳои ниёзманд низ то ҳадди имкон осон бошад.

Бо назардошти ин ҳолат, гузариш ба шакли электронӣ набояд бо маҳдуд гардидани имкони гирифтани хизматрасонии давлатӣ барои шаҳрвандони дорои дастрасии нокифоя ба технология ҳамроҳ гардад. То фароҳам шудани шароити зарурӣ, пешниҳоди роҳҳои иловагии муроҷиат, марказҳои машваратӣ ва ёрии амалӣ метавонад нақши муҳим дошта бошад. Ҳангоми таҳияи хизматрасониҳои рақамӣ инчунин масъалаҳои дастрасии иттилоот ба забони фаҳмо ва имкони истифодаи онҳо аз ҷониби шахсони дорои эҳтиёҷоти махсус бояд баррасӣ шаванд.

Бо ҳамин мақсад, такмили саводи рақамии аҳолӣ, омодасозии кадрҳои соҳа, рушди инфрасохтори алоқа ва содагии истифодаи хизматрасониҳо бояд ба ҳам пайваста амалӣ шаванд. Хизматрасонии босифат на танҳо боэътимод ва бехатар, балки барои истифодабаранда фаҳмо низ мебошад. Забони содаи дастурҳо, пайгирии ҳолати муроҷиат ва дастрасии иттилоъ дар бораи муҳлати иҷро метавонанд эътимод ва қаноатмандии шаҳрвандонро тақвият бахшанд.

Дар баробари саводи рақамии шаҳрвандон, омодагии кормандони мақомоти давлатӣ низ муҳим аст. Корманд бояд на танҳо барномаро истифода барад, балки тартиби қонунии коркарди маълумот, муносибати масъулона ба муроҷиат, ҳимояи маълумоти шахсӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти техникиро донад. Барномаҳои омӯзишӣ, мубодилаи таҷриба ва роҳнамоии амалии кормандон ба истифодаи устувори низомҳо мусоидат мекунанд.

Ҳамин тавр, рушди сармояи инсонӣ бо рушди инфрасохтор робитаи ҷудонашаванда пайдо менамояд.
Ҷанбаи дигари стратегӣ омодасозии кормандони мақомоти давлатӣ ба тағйири тарзи кор мебошад. Ҳангоми гузариш аз расмиёти коғазӣ ба равандҳои рақамӣ вазифаҳои кормандон, тартиби назорати иҷро ва усулҳои муносибат бо муроҷиаткунанда низ тағйир меёбанд. Аз ин рӯ, омӯзиши малакаҳои истифодаи низомҳо бояд бо баланд бардоштани фарҳанги ҳифзи маълумот, масъулияти хизматӣ ва омодагӣ ба расонидани кумак ба шаҳрвандон якҷо сурат гирад.

Меъёри асосии самаранокии рақамикунонӣ натиҷаест, ки шаҳрванд ва иқтисод эҳсос мекунанд. Шумораи хизматрасониҳои дар портал ҷойгиршуда, шумораи истифодабарандагон ё низомҳои ба кор андохташуда муҳим бошанд ҳам, худ аз худ сифати хизматрасониро пурра нишон намедиҳанд. Барои арзёбии воқеӣ муҳлати гирифтани натиҷа, шумораи муроҷиатҳои ҳатмӣ, зарурати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои такрорӣ, устувории низом, дастрасӣ дар минтақаҳо ва сатҳи қаноатмандии муроҷиаткунандагон бояд ба назар гирифта шаванд.

Бо назардошти ин, ба мақсад мувофиқ аст, ки дар доираи такмили усулҳои арзёбии сифати хизматрасониҳои давлатӣ масъалаи таҳияи нишондиҳандаи маҷмӯии дастрасии рақамӣ мавриди омӯзиш қарор гирад. Чунин нишондиҳанда метавонад меъёрҳои маҳдуду ченшавандаро дар бар гирад ва барои муқоисаи пешрафти хизматрасониҳои афзалиятнок истифода шавад. Пешниҳоди мазкур хусусияти таҳлилӣ дошта, ҷорӣ намудани онро танҳо пас аз омӯзиш, санҷиши амалӣ ва мувофиқаи мақомоти дахлдор метавон баррасӣ кард.

Аз нигоҳи идоракунӣ, татбиқи тадбирҳои рақамикунонӣ ба банақшагирии дақиқ, тақсими равшани масъулият ва истифодаи оқилонаи захираҳо вобаста аст. Барои ҳар лоиҳа бояд масъалаи ҳалшаванда, натиҷаи пешбинишуда, мақомоти масъул, муҳлат, манбаи маблағгузорӣ ва хароҷоти нигоҳдорӣ муайян бошанд. Муҳим аст, ки лоиҳаҳои алоҳида ба сохтори ягонаи рақамӣ мувофиқ гарданд ва қабл аз густариш дар муҳити маҳдуд аз назари ҳуқуқӣ, техникӣ ва таҷрибаи истифодабаранда санҷида шаванд.

Аз нигоҳи иқтисодӣ, рақамикунонӣ метавонад ба сарфаи вақти кормандон ва муроҷиаткунандагон, кам шудани хароҷоти мукотибот, беҳтар гардидани пайгирии иҷро ва пешбинишаванда шудани расмиёти давлатӣ мусоидат намояд. Арзиши таҳия, пайвастсозӣ, амният, нигоҳдорӣ ва навсозии низомҳо низ бояд ба ҳисоб гирифта шавад.

Ҳамин тавр, арзёбии иқтисодӣ бояд ҳам манфиати иҷтимоӣ ва ҳам устувории молиявии роҳҳали интихобшударо фаро гирад.

Дар маҷмӯъ, самти стратегии рушди ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон аз пайвастани се вазифаи асосӣ иборат аст: тақвияти раванди хизматрасонӣ дар шакли рақамӣ, ташкили ҳамкории устувор ва ҳамгироии низомҳои давлатӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эъон намудани солҳои рушди иқтисоди рақамӣ, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026-2030 ва натиҷаҳои ҷаласаи якуми Шуро барои пайгиронаи амалӣ намудани ин вазифаҳо заминаи муҳим гузоштаанд. Самаранокии минбаъда аз ҳамоҳангии мақомоти масъул ва табдил додани ҳадафҳои сиёсӣ ба натиҷаҳои мушаххас вобаста мебошад.

Бинобар ин, ҳукумати электронӣ бояд ҳамчун воситаи таҳкими давлатдории муосир дарк гардад, воситае, ки фаъолияти мақомоти давлатиро ҳамоҳангтар, расмиёти хизматрасониро содатар ва муносибат бо шаҳрвандро боэътимодтар менамояд.

Агар технология ба сарфаи вақти шаҳрванд, коҳиши хароҷоти соҳибкорӣ, ҳифзи маълумот ва дастрасии баробар мусоидат кунад, он арзиши аслии худро дар идоракунии давлатӣ пайдо менамояд. Маҳз чунин натиҷа метавонад рақамикунониро аз маҷмӯи тадбирҳои техникӣ ба яке аз омилҳои устувори рушди давлат ва ҷомеа табдил диҳад.



 

 

 

 


Хуршед МИРЗО
директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Сиёвуш НАБОТЗОДА
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви Кумита оид ба иқтисод ва молия

 

Октябрь 15, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Ҳудуди Тоҷикистон яке аз масирҳои асосии кӯчиши парандагон дар Осиё аст
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст