Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд

Октябрь 23, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барои ҳифзи бабри барфӣ ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аҳамияти калон дорад, зеро 70 фоизи масоҳати паҳншавии бабри барфӣ дар Тоҷикистон ба  ин минтақа  рост меояд. Чунин гуфта шуд дар конфронси илмӣ-амалии «Бабри барфӣ-мероси табиии кӯҳистон», ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ  дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  дар конфронс масъалаҳои марбут ба ҳифзи бабри барфӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зисти он ва тақвияти ҳамкорӣ барои нигоҳдории ин ҳайвони нодир баррасӣ гардиданд.

Таъкид шуд, ки муътадил будани саршумори бабри барфӣ яке аз нишондиҳандаҳои солимии экосистемаҳои кӯҳӣ ва нигоҳдории мувозинати табиӣ дар ин минтақа мебошад.

Бояд гуфт, ки 23 октябр Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ маҳсуб мешавад. Бабри  барфӣ яке аз ҳайвонҳои зебову нодир мебошад. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз даҳ   қитъаи паҳншавии бабри барфӣ нуҳтои он дар ҳудуди Помиру Олой ҷойгир шудааст. Бабри барфӣ дар Тоҷикистон дар ҳудуди 20 қаторкӯҳ – Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Ҳазратишоҳ, Вахш, Дарвоз, Академияи илмҳо, Пётри Якум, Ванҷ, Язғулом, Рӯшон, Шоҳдара, Пшарт, Музкӯл, Сарикӯл, Аличури Ҷанубӣ, Аличури Шимолӣ, Вахон ва Паси Олой паҳн гардидааст.

     АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 23, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд