Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 18.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар шаҳри Нанкини Чин байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Созишномаро раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода ва президенти Ассосиатсия умумичинии журналистон Хэ Пин имзо намуданд.
Созишнома аз панҷ модда иборат мебошад. Тибқи ин санад, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи умумичинии журналистон тасмим гирифтаанд, ки ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаро дар самти воситаҳои ахбори омма тақвият бахшанд.
Инчунин дар асоси ин санад, ташкили боздидҳои мутақобилаи намояндагони расонаҳои хабарӣ, баргузории ҳамоишҳои журналистӣ, даврҳои такмили ихтисоси журналистон ва омӯзгорони ихтисосҳои рӯзноманигорӣ, таҷрибаомӯзии намояндагони расонаҳо, мулоқотҳои фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон Созишномаи ҳамкорӣ дар таъсис ва рушди муштараки механизми «Хонаи журналистони Тоҷикистону Чин» мусоидат менамоянд.
Бояд гуфт, ки бо шарофати сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Син Ҷинпин робитаҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя дар соҳаҳои гуногун тақвият меёбанд.
АКС: Иттифоқи журналистони Тоҷикистон








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






