Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Санади мазкурро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Вэнтао имзо намуданд.
Дар доираи ин санад ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти рушди долонҳои байналмилалӣ байни ду давлат густариш меёбад. Инчунин тибқи ин санад сохтмони шоҳроҳҳои байналмилалӣ байни ду кишвар, аз ҷумла шоҳроҳи байналмилалии Душанбе- Кулма –Қаросӯ (сарҳади давлатии Чин) ба роҳ монда шуда, ба таҷдиду сохтмони ин шоҳроҳ сармоя ҷалб карда мешавад.
Дар маҷмуъ санади мазкур ба тавсеаи ҳамкории ду давлат дар соҳаи роҳу нақлиёт ва татбиқи ташаббуси Чин – «Як камарбанд, як роҳ» нигаронида шудааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС:АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






