Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид

Октябрь 19, 2026 18:20

ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи миллии стандартизатсия Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд.

Ёддошти тафоҳум 18 октябр дар шаҳри Душанбе зимни вохӯрии  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян ба имзо расид.

Ёддошт бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, бамеъёрдарории техникӣ ва озмоиши маҳсулот бо назардошти талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин манфиатҳои миллӣ амалӣ хоҳад гашт.

Ёддошти тафоҳум барои ба роҳ мондани фаъолияти муштарак оид ба мувофиқа кардани ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва гузаронидани омӯзишҳо барои кормандон дар соҳаи стандартизатсия шароити мусоид фароҳам меорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Октябрь 19, 2026 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд