«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид

Октябрь 18, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 18.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030»  26 лоиҳа ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ амалӣ шуда, сатҳи умумии иҷрои барнома ба 31,2 фоиз расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Дар ин давра нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 37 миллиарду 152 миллион сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,1 фоизро ташкил дод. Ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ ба 27,3 фоиз баробар гардид.

Инчунин дар нуҳ моҳи соли 2026 афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,2 фоиз, маҳсулоти саноатӣ 15,5 фоиз, гардиши савдо 36,7 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 13 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми боркашонӣ 18,8 фоиз ва мусофиркашонӣ 9,3 фоиз афзоиш ёфт.

Ҳамзамон дар ин давра қисми даромади буҷети вилоят пурра иҷро гардида, воридоти маблағҳо 4 миллиарду 534,6 миллион сомониро ташкил дод. Нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 106,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3 миллиарду 68,7 миллион сомонӣ ворид шуд.

Дар соҳаи бонкдорӣ ҳаҷми қарзҳои ба самтҳои гуногуни иқтисоди вилоят равонагардида ба 5,8 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 24,5 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 3,3 миллиард сомонӣ ба соҳибкорон, аз ҷумла 2 миллиард сомонӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ равона шудааст.

Ҳамчунин дар нимсолаи якуми соли 2026 ба иқтисоди вилоят 19,3 миллион доллари Илоёти Мутаҳидаи Амрико сармояи хориҷӣ ворид гардида, аз ин маблағ 12,1 миллион доллар ё 62,7 фоизро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Октябрь 18, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд