Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи кормандони Агентӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки дар асри XXI технологияҳои иттилоотӣ ба ҷузъи ҷудонопазири фаъолияти инсон табдил ёфтаанд. Соҳаҳое, чун авиатсия, маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт, низоми бонкӣ, идоракунии давлатӣ ва робитаи иҷтимоӣ бевосита ба низомҳои иттилоотӣ вобастагӣ доранд. Бо рушди босуръати технологияҳо, махсусан интернет, шабакаҳои компютерӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ масъалаи амнияти иттилоотӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо намудааст.
Дар баробари имконияти нав фазои рақамӣ бо таҳдидҳои ҷиддии киберӣ рӯ ба рӯ шудааст. Ҳамлаҳои киберӣ, дуздии маълумот, вирусҳо, барномаҳои зараровар ва қаллобии электронӣ метавонанд ба иқтисодиёт, амнияти миллӣ ва ҳаёти шахсии шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонанд. Аз ин рӯ, омӯзиш ва таҳлили амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир масъалаи муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки амнияти иттилоотӣ маҷмуи чораҳо, воситаҳо ва усулҳое мебошад, ки ба ҳифзи маълумот аз дастрасии ғайриқонунӣ, тағйирёбӣ, нестшавӣ ё паҳншавии беиҷозат равона шудаанд. Амнияти иттилоотӣ танҳо масъулияти мутахассисони техникӣ нест, давлат, ташкилот ва шаҳрвандон бояд якҷоя амал намоянд. Давлат тавассути стратегияҳо ва қонунгузорӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Гуфта шуд, ки дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо оид ба намудҳои ҷиноятҳои киберӣ муқарар карда шудааст, аз ҷумла, дар боби 28- ҷиноятҳо алайҳи амнияти иттилоотӣ, моддаи 298-дастрасӣ ба маълумоти компютерии бе иҷозат ҷазоҳои гуногун муқарар карда шудаанд, ташкилот бояд чораҳои амниятиро татбиқ ва шаҳрвандон фарҳанги истифодаи бехатари технологияҳоро риоя намоянд.
Гуфта шуд, ки дар шароити ҷаҳони рақамкунонии муосир амнияти иттилоотӣ ба яке аз унсурҳои калидии рушди устувори ҷомеа табдил ёфтааст. Таҳдидҳои киберӣ пайваста рушд мекунанд ва усулҳои нави ҳамла ба вуҷуд меоянд. Аз ин рӯ, танҳо бо истифодаи чораҳои маҷмуӣ, баланд бардоштани саводнокии рақамӣ ва такмили низоми ҳифзи иттилоот метавон амнияти маълумотро таъмин намуд.
Иштирокдорон ҳамоиш таъкид намуданд, ки омӯзиш ва рушди пайвастаи соҳаи амнияти иттилоотӣ кафолати ҳифзи манфиатҳои шахсӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ дар фазои рақамӣ мебошад.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид






