Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд

Октябрь 14, 2026 08:40

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» оғоз гардида, то 22 октябр идома меёбад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Мирзоолим Саидов иброз дошт, «дар даври ҷамъбастии озмун 581  довталаб иштирок менамояд. Озмун аз рӯйи номинатсияҳо дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон доир мегардад».

Дар даври сеюми озмун довталабон аз рӯйи номинатсияҳои оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн иштирок мекунанд.

«Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» соли ҳаштум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаҳои санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, арзёбии сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷик мебошанд, гузаронида мешавад»,-афзуд Мирзоолим Саидов.

Ёдовар мешавем, ки маросими ҷоизасупорӣ ва барномаи фарҳангӣ бо иштироки ғолибони озмун 23 октябри соли 2026 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 14, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид