Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!», ки 14 октябр дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бахши хусусӣ 23 Созишномаи ҳамкорӣ барои татбиқи лоиҳаҳо ба маблағи умумии 3,1 миллиард доллари амрикоӣ баста шуд, ки соҳаҳои гуногун, аз қабили энергетика, иҷтимоӣ, сохтмон, тандурустӣ, маориф ва татбиқи лоиҳаҳои «сабз» -ро дар бар мегирад. Дар ин хусус зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода иттилоъ дод.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки дар Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони ватанӣ мулоқот намуда, соҳибкоронро неруи пешбарандаи ҷомеа ва саҳми онҳоро дар рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат муҳим арзёбӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки 36 ҳазор иншоот дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони мамлакат бунёд гардидаанд, ки барои пешрафт ва рушди мамлакат мусоидат менамоянд.
«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста заҳматҳои соҳибкорони бонангу номуси миллатро қадрдонӣ менамоянд. Ин аст, ки дар иртибот ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 150 нафар соҳибкорони мамлакат бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин соли 2026 бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгири Ҳукумати мамлакат «Ҷоизаи соҳибкори сол» эълон гардид ва дар озмуни ҷумҳуриявӣ нафарони ғолиб бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд»,- гуфт Султон Раҳимзода.
Президенти мамлакат дар мулоқот бо соҳикборони мамлакат аз дастгирии ҳукумат дар низоми иҷозатномадиҳӣ, низоми андоз, дар соҳаи кишовразӣ, саноат ва ғайра инчунин доир ба мушкилоти соҳибкорон ёдовар шуданд.
Сарвари давлат иброз намуданд, ки бо дар назардошти пешрафтҳо ва ислоҳот дар соҳаи соҳибкорӣ то ҳануз мушкилот боқӣ мондааст, ки он ҳаллу фасл бояд карда шаванд. Дар ин зимн, Пешвои миллат як чанд ташаббусҳоро пешниҳод намуданд, ки дар баробари он ҳам Ҳукумати мамлакат ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар ниҳодҳои давлатиро супориш доданд, ки барои иҷрои ин ташаббусҳо дар муҳлатҳои муайяншуда кумак намоянд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин нақшаи амалро аз рӯи мулоқот таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Интизор меравад, ки дар робита ба пешниҳод ва ташаббусҳои Президенти мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорату идораҳои марбута дар якҷоягӣ фаъолият намуда, фазои ҷумҳуриро барои рушди соҳибкорию сармоягузорӣ боз ҳам беҳтар менамоянд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС:АМИТ «Ховар»

































Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст






