Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид

Октябрь 15, 2026 19:00

ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ёддошти нахуст байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми Пешбар – ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» оид ба ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаи тақсимоти неруи барқ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба имзо расид. Санади мазкурро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва директор оид ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҳамкории байналмилалии ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» Бежан Азонов имзо намуданд.

Ёддошти дуюм байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Xinjiang Shouhai Power Development Co., Ltd.»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид. Санади мазкур ба рушди ҳамкорӣ дар самти омӯзиш ва бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Оби Хингови Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.Имзои ин санадҳо барои густариши ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва шарикони хориҷӣ дар самтҳои рушди инфрасохтори тақсимоти неруи барқ ва истифодаи захираҳои гидроэнергетикии кишвар замина фароҳам меорад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 15, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд