Дар доираи Форуми тиҷоратии «New Silk Way» роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон вохӯрӣ намуданд

Октябрь 15, 2026 10:10

ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи  Форуми тиҷоратии «New Silk Way» дар шаҳри Остона вохӯрии Раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо Раиси Раёсати Роҳи оҳани Қазоқистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ, густариши ҳамлу нақли байналмилалӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷудаи логистикиро баррасӣ намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо Протоколи вохӯриро ба имзо расониданд, ки ба таҳкими ҳамкории дуҷониба ва афзоиши ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан равона гардидааст.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

 

 

 

Октябрь 15, 2026 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд