Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд

Октябрь 3, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /МИТ «Ховар»/.  Дар доираи Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми стартапҳои  давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Форум  намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои технологӣ, стартапҳо ва сармоягузоронро ҷамъ овард. Иштирокдорони форум масъалаҳои дастгирии стартапҳо, ҷалби сармоя, ҳамкории давлат, бахши хусусӣ ва воридшавӣ ба бозорҳои навро баррасӣ намуданд.

Инчунин стартапҳои кишварҳои аъзо лоиҳаҳо ва роҳҳалҳои технологии худро ба сармоягузорон ва шарикони эҳтимолӣ муаррифӣ карданд.

Ҳадафи форум аз таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва фароҳам овардани имконияти нави рушди соҳибкории инноватсионӣ иборат буд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 3, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд