Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 17.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. То 1 октябри соли 2026 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 262 ҳазор оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра дар кишвар 3530 тонна асал истеҳсол гардидааст. Дар ин хусус имрӯз зимни баргузории ҷашни Меҳргон ва Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал иттилоъ дода шуд.
Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал дар доираи ҷашни Меҳргон дар якҷоягӣ бо Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, Фестивали «Оши палов», намоишу фурӯши шолию биринҷ ва Иди тарбуз, харбуза, каду, себ ва ангур доир гардид.
Дар фестивал занбӯрпарварони мамлакат асали аз гиёҳҳои шифобахш ҳосилшуда, шириниҳои аз асал омодагардида, техникаи парвариши занбӯр, ки тарзи ба даст овардани ҳосили асалро нишон медиҳанд, борҷомаҳо бо навъҳои гуногуни асали тоҷикиро ба тамошо ва фурӯш гузошта буданд. Асали аз ҷиҳати экологӣ тоза дар ин макон бо нархи назар ба бозор арзонтар пешниҳоди харидорон гардид.
Ҳадаф аз баргузории Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал дар Тоҷикистон тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши занбӯри асал, инчунин баҳрабардорӣ аз таҷрибаи хуби деҳқонони тоҷик мебошад.
Занбӯрпарварӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад. Коршиносони соҳа исбот намудаанд, ки дар натиҷаи бо занбӯри асал гардолуд шудан ҳосили зироату боғот ва дигар растаниҳои энтомофилӣ аз 30 то 50 фоиз меафзояд. Ғайр аз ин, ба фурӯш баровардани маҳсулоти занбӯри асал, аз қабили асал, мум, прополис, гарди гул, шираи модарзанбӯр, заҳри занбӯр ва ғайра дар дохил ва хориҷи мамлакат боиси даромади зиёд, ворид гардидани асъори хориҷӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми ҷумҳурӣ мегардад. Аз ин рӯ занбӯрпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромади муҳими иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, ба беҳдошти вазъи иқтисодии аҳолии деҳот мусоидат менамояд.
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 июни соли 2023 дар ноҳияи Ховалинг бо ҳузури занбӯриасалпарварон изҳор доштанд: «Мавҷудияти чашмаву рӯдҳои кӯҳӣ, майдони зиёди дарахту растаниҳои шифобахш ва дигар захираҳои табиии мамлакат (зиёда аз 170 намуд ва майдони 3,8 миллион гектар) заминаи мусоид фароҳам меоварад, ки дар Тоҷикистон соҳаи занбӯриасалпарварӣ рушд ёфта, миқдори оилаҳои занбӯри асал ба 600 ҳазор ва истеҳсоли асал то 14 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад».
«Маҳсулоти дигари соҳа, аз ҷумла мум, гарди гул, шири модарзанбӯр, ширеш ва заҳри занбӯр, ки дар саноати дорусозӣ ва тибби муосир васеъ истифода мегардад, истеҳсол ва маҳсулоти соҳа ба хориҷи мамлакат содирот карда шавад»,- афзуданд Сарвари давлат.
Асал яке аз маҳсулоти серталаботи ғизоӣ ва воситаи муҳимми табобатие мебошад, ки ҳазорсолаҳо инҷониб мавриди истифодаи инсоният қарор дорад. Беҳуда онро давои ҳазор дард намегӯянд. Тавре табиби ҳозиқ Абӯалӣ ибни Сино гуфтааст, «ҳама шириниҳо барои инсон заҳранд, ба ғайр аз асал».
Бояд гуфт, ки асали Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои зиёди байналмилалӣ бо назардошти сифати баланд, таъми хуш ва аз лиҳози экологӣ тоза буданаш сазовори ҷоизаҳо гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки асали Тоҷикистон соли 2014 дар Конгресси чоруми байналмилалӣ оид ба занбӯриасалпарварӣ ва намоиши асали кӯҳӣ дар Туркия соҳиби ҷоизаи биринҷӣ, соли 2015 дар намоишгоҳи «Продэкспо – 2015»-и Федератсияи Русия соҳиби медали тилло, соли 2018 дар Иди байналмилалии занбӯриасалпарварон дар шаҳри Истанбули Туркия (намунаи асали ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, Сангвор ва Шаҳристон) соҳиби ҷоизаи ифтихорӣ ва соли 2019 дар намоишгоҳи байналмилалии «Асал ва маҳсулоти он» дар шаҳри Давҳаи Қатар (асали Ховалинг) соҳиби ҷоизаи ифтихорӣ гардидааст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳирҷон САИДЗОДА (АКС)
АМИТ «Ховар»

































Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид






