Дар Душанбе мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Сян баргузор гардид

Октябрь 18, 2026 17:45

ДУШАНБЕ, 18.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид.

Дар ҷаласаи васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар Қоҳир Расулзода зикр кард, ки бо шарофати иродаи сиёсӣ ва талошҳои сарони давлатҳо, муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сатҳи баланд қарор доранд.

«Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки моҳи майи соли ҷорӣ сурат гирифт, саҳифаҳои наверо дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи  кишварҳои мо боз кард. Пас аз мулоқот ва музокироти сатҳи олӣ, беш аз 30 созишномаи нав дар соҳаҳои гуногун ба имзо расид. Сарони давлатҳо Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин роҷеъ ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарокати стратегӣ дар даврони нав ва Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо карданд.  Умедворам, ки ин ҳуҷҷатҳо минбаъд низ заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсиро барои рушд муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории ҳамаҷониба миёни ду кишвар тақвият хоҳанд дод», — гуфт Сарвазири кишвар.

Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян иброз дошт, ки  Чин тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегиро бо Тоҷикистон  дастгирӣ мекунад.

«Муносибатҳои мо аз озмоиши таърих гузаштанд ва мо омодаем, ки эътимоди мутақобиларо тақвият ва ин анъанаи некро аз насл ба насл интиқол диҳем», — илова кард Ли Сян.

Зикр шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ барои тавсеаи минбаъдаи шарикии стратегӣ байни кишварҳо афзалиятнок боқӣ мемонад.

Зимнан, баҳри тақвият бахшидани иқтидори содиротии кишвар,  васеъ кардани номгӯи маҳсулот ва афзоиши ҳаҷми молҳои интиқолшаванда ба Чин зарур шумурда шуд. Инчунин, имзои протоколҳои нав барои васеъ кардани рӯйхати маҳсулоти содиротӣ ва осон намудани дастрасии истеҳсолкунандагони тоҷик ба бозори Чин муҳим арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо,  ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва коркарди ашёи хомро аз самтҳои афзалиятнок хонда, пешниҳод карданд, ки дар самти нассоҷӣ, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак барои коркарди пахта ва то ба маҳсулоти тайёр расонади он тадбирҳои судманд андешида шаванд. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ ва коркард бошад, ба манфиати ҷонибҳо унвон шуд.

Инчунин, ҷонибҳо ба густариши робитаҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтори сайёҳии ҷумҳурии мо ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Пас аз анҷоми мулоқот Созишнома дар соҳаи рушд миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ, Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ, Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллии назорати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ва Ёддошти ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти тиҷорати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти давлатии танзими бозори Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расиданд.

Инчунин дар ҳошияи сафар Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи металлургияи рангаи Чин (CNIA) ва Ҷамъияти саҳомии «Тибет Эверест» оид ба захираҳо дар бораи ҳамкорӣ ҷиҳати таъсиси парки саноатии металлургияи ранга дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи холдингии «Хуайоу» ба имзо расиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари расмӣ Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 20 октябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, иштирок хоҳад кард.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 18, 2026 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд