Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид

Октябрь 22, 2026 15:34

ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» бо иштироки беш аз 100 ширкати ватанию хориҷӣ ифтитоҳ гардид. Намоишгоҳ то 24 октябр идома меёбад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Намоишгоҳи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Асри Имкон» дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Ҳадафи асосии намоишгоҳ мусоидат ба рушди устувори бозори сохтмон, баланд бардоштани рақобатпазирии ширкатҳои ватанӣ, ҷалби технологияҳои муосир ва фароҳам овардани шароити мусоид барои густариши ҳамкории тиҷоратии дуҷониба ва бисёрҷониба мебошад.

Ташкилкунандаи Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» Алиҷон Қодиров иброз намуд, ки «ин намоишгоҳ бори панҷум аст дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуда, сол ба сол таваҷҷуҳи ширкатҳои хориҷӣ ва доираи иштирокчиёни он меафзояд. Имсол дар намоишгоҳ ширкатҳо аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Олмон, Ҷумҳурии Туркия ва Федератсияи Русия иштирок доранд.

«Ҳамасола дар ин намоишгоҳ масолеҳи сохтмонии муосир ва техналогияҳои нав пешниҳод мегарданд. Баргузории намоишгоҳ имкон медиҳад, ки соҳибкорони ватанӣ бо ширкатҳои хориҷӣ бештар ҳамкорӣ намоянд. Ҳадафи асосии мо он аст, ки соҳаи сохтмони Тоҷикистонро ба зинаҳои баланд расонем», — афзуд Алиҷон Қодиров.

Гуфта шуд, ки дар ин намоишгоҳ масолеҳи ороишӣ, сохтмонӣ, технологияҳои нав, техникаи махсус барои рақамикунонӣ ва автоматикунонии соҳаи сохтмон пешниҳод гардидаанд. Ин имкон медиҳад, ки мардуми тоҷик аз ин технологияи муосир истифода намуда, хонаҳои худро таъмир намоянд.

Намоишгоҳи имсола шаш бахши асосиро фаро мегирад. Аз ҷумла, дар он масолеҳи сохтмонӣ ва ороишӣ, роҳҳои ҳалли меъморӣ ва тарроҳӣ, сохтмони берун аз шаҳр, хизматрасониҳои коммуналӣ ва таҷҳизот, мошину механизмҳои махсус, асбобу анҷом, либосҳои кории касбӣ ва амволи ғайриманқул ба намоиш гузошта шудаанд.

Таъкид гардид, ки «TajBUILD» на танҳо макони муаррифии маҳсулоту хизматрасониҳои соҳаи сохтмон, балки платформаи муҳими байналмилалӣ барои барқарор намудани робитаҳои нави тиҷоратӣ, мубодилаи таҷриба ва ҷалби сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад.

Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабзода иброз намуд, ки «ҳамасола таваҷуҳи иштирокдорон ба ин намоишгоҳ зиёд мегардад. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фаъолият барои муаррифии имконияти истеҳсолии мамлакат, баланд бардоштани сатҳу сифати маҳсулоти ватанӣ, рушди соҳибкорӣ ва густариши ҳамкории ширкатҳои дохилию хориҷӣ чорабиниҳои гуногуни соҳавӣ ва байналмилалӣ баргузор менамояд».

Иброз гардид, ки аз аввали соли 2026 то имрӯз Палатаи савдо ва саноат дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор якчанд намоишгоҳи давлатӣ ва байналмилалиро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тиб, зебоӣ ва косметология, бастабандии маҳсулот, сайёҳӣ ва сохтмон баргузор намуд.

Интизор меравад, ки Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» барои иштирокчиён барои дарёфти шарикони нав, бастани шартномаҳои судманд ва густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» форумҳо, конфронсҳо ва вохӯриҳои дуҷонибаву бисёрҷониба, аз ҷумла ҳамоишҳои соҳавӣ баргузор мегарданд.

Ширинмоҳ ҚОСИМӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 22, 2026 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд