Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд

Октябрь 16, 2026 11:15

ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конференсияи ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар кори конференсия масъалаҳои марбут ба таъсиси Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе, интихоб намудани ҳайати он, интихоби роҳбарият ва муайян кардани самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъдаи Шуро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иброз гардид, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм, бегонапарастӣ ва дигар таҳдидҳои фаромиллӣ ба амнияту суботи ҷомеа таъсир мерасонанд, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон аҳаммияти хосса дорад. Дар ин замина, тақвияти корҳои тарбиявию маърифатӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасоз дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа саҳми арзишманд доранд. Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаббусҳои созандаи онҳо, дастгирии иқдомҳои ватандӯстона, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти сохторҳои дахлдор ба шумор меравад.

Дар идомаи конференсия бо мақсади тақвияти фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар пойтахт ва таъмини ҳамоҳангии бештари корҳои ташкиливу тарбиявӣ, масъалаи таъсиси Шурои намояндагии ташкилот дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.

Дар асоси Оинномаи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва бо ҷонибдории иштирокчиёни конференсия Шурои намояндагии ташкилот дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, ҳайати он иборат аз 63 нафар интихоб гардид.

Ҳамчунин аз рӯйи масъалаи дигари рӯзномаи конференсия номзадии мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Муслим Усмонзода барои интихоб шудан ба ҳайси роҳбари Шурои намояндагии Ташкилоти амъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе пешниҳод гардида, аз ҷониби иштирокчиён дастгирӣ ёфт.

Дар қисми ҷамъбастии конференсия лоиҳаи нақшаи кории Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе барои то моҳи июли соли 2027 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо дарназардошти пешниҳод ва таклифҳои иштирокчиён ба лоиҳаи нақшаи корӣ тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид гардида, вобаста ба он қарори дахлдор қабул карда шуд.

Таъсиси Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе қадами муҳим дар роҳи тақвияти фаъолияти ҷавонон, густариши корҳои тарбиявию маърифатӣ ва ҷалби бештари насли ҷавон ба иқдомҳои созанда арзёбӣ мегардад. Ин иқдом барои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузории ҷавонон дар рушди пойтахт заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Октябрь 16, 2026 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш