Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд

Октябрь 21, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 17-уми Конфронси Тарафҳои Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ (CBD COP17) дар  шаҳри Ереван Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Баҳодур Шерализода  бо Роҳбари Портфели маблағгузорӣ дар соҳаи гуногунии биологии Барномаи Рушди СММ (UNDP) Онно ван ден Хёвел мулоқот намуд. Зимни он маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Баҳодур Шерализода дар  бораи пешрафти ташаббуси маблағгузории гуногунии биологии Барномаи Рушди СММ (BIOFIN) дар Тоҷикистон гузориш дод.

Гуфта шуд, ки дастгирии дастаи ҷаҳонии BIOFIN дар таҳияи механизмҳои маблағгузории ба гуногунии биологӣ нигаронида барои Тоҷикистон муҳиманд.

Ҷонибҳо таҳияи ташаббусҳои минбаъдаро барои татбиқи муваффақонаи нақшаи маблағгузорӣ ва ҳамгироии стандартҳои байналмилалии экологӣ ва воситаҳои инноватсионии молиявӣ дар Тоҷикистон муҳокима карданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба сафарбаркунии захираҳо барои татбиқи минбаъдаи ҳадафҳо ва вазифаҳои миллии ҳифзи гуногунии биологӣ ва истифодаи устувор, инчунин иҷрои уҳдадориҳои ҷаҳонӣ тибқи Чаҳорчӯбаи гуногунии биологии Кунмин-Монреал равона гардид.

Баҳодур Шерализода аз Онно ван ден Хёвел даъват кард, ки барои идомаи муколама, омӯхтани афзалият ва лоиҳаҳои миллии ҳифзи гуногунии биологӣ ба Тоҷикистон ташриф орад. Инчунин ҷонибҳо уҳдадории худро барои тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак, ки ба рушди устувор нигаронида шудаанд, тасдиқ карданд.

 

       АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 21, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад