Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ — 2026 оғоз гардид, ки то 16 октябр идома меёбад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар доираи форум ҳамоиш баргузор шуд. Дар он Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода оид ба имконот ва иқтидори сармоягузории соҳаи кишоварзии мамлакат сухан гуфт.
Дар ҳамоиш масъалаҳои захираҳои истеҳсолӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи кишоварзии мамлакат, инчунин шароити мусоид барои ҷалби сармоя ва густариши ҳамкории судманди иқтисодӣ муаррифӣ гардиданд.
Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ соли шашум аст, ки баргузор шуда, яке аз калонтарин платформаҳои байналмилалӣ маҳсуб мешавад. Дар он масъалаҳои низоми агроозуқаворӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, ғизои солим, рақамигардонӣ ва навоварӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва кашфиёти илмӣ барои ҳалли мушкилоти соҳаи кишоварзӣ, мубориза бо хушксолӣ, тағйирёбии иқлим ва камшавии ҳосилнокӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






