Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад

Октябрь 14, 2026 17:15

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. То охири соли равон сохтмони як гузаргоҳ (эстакада) ва як пули мошингард дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе оғоз мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар робита ба ин байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, консортсиуми ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва ширкати чинии «Heze Urban Construction Engineering Development Group Co., Ltd (HUCG)», инчунин Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе қарордод ба имзо расид.

Зери қарордод Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Директори генералии ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» Сафари Иқбол, намояндаи ширкати чинии «Heze Urban Construction Engineering Development Group Co., Ltd (HUCG)» Сун Сяолей ва Директори Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе Маҳмадюсуф Раҳимзода имзо гузоштанд.

Консортсиуми (шариконаи) ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва ширкати чинии «Heze Urban Construction Engineering Development Group Co., Ltd (HUCG)» дар озмуни интихоби пудратчии лоиҳа ғолиб дониста шудааст.

Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳа то охири соли 2026 оғоз гардида, дар доираи он корҳои навсозии хиёбони С. Шерозӣ аз кӯчаи Н. Қарабоев то пули дарёи Душанбе бо шумули як гузаргоҳи дусатҳа (эстакада), навсозии пул аз болои дарёи Душанбе дар хиёбони С. Шерозӣ (маъмул бо номи «Мостопоезд») ба анҷом расонида мешаванд.

Қарор аст, ки хиёбони С. Шерозӣ то 8 хати ҳаракат васеъ ва дар баъзе қисматҳои он хатҳои алоҳидаи ҳаракат барои нақлиёти ҷамъиятӣ ҷудо карда шаванд. Зимни иҷрои корҳои сохтмону таҷдид технологияҳои муосир истифода мегарданд. Мақсади асосии лоиҳа кам кардани садамаҳо, баланд бардоштани бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон, инчунин бартараф сохтани танбашавӣ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаҳои ҳамшафати он мебошад.

Муҳлати корҳои сохтмонӣ тибқи қарордод 3 сол аз санаи баимзорасонӣ пешбинӣ гардидааст. Лоиҳаи мазкур дар доираи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ки 29 апрели соли 2025 ба маблағи 28,4 миллион евро ба имзо расидааст, амалӣ карда мешавад. Бо мақсади татбиқи лоиҳа дар назди вазорат Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 14, 2026 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд