Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» таҳти унвони «Ислоҳотҳои гузаронидашуда дар самти дастгирии соҳибкорӣ дар давоми 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ.
Дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои дахлдори давлатӣ, соҳибкорон ва мутахассисони соҳа иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба рушди соҳибкорӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкорон ва нақши бахши хусусӣ дар рушди иқтисоди миллиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода аз дастгириҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳибкорон ёдовар шуда, иброз дошт, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои соҳибкорон ва ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад.
«Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди бахши хусусӣ, такмили заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ тадбирҳои муҳим амалӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, амалӣ намудани имтиёзу сабукиҳо, такмили низоми иҷозатдиҳӣ, рушди хизматрасониҳои электронӣ ва дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ ба фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои фаъолияти озоди иқтисодӣ мусоидат менамоянд.
Дар ин замина, ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ аз омилҳои муҳими таъмини рушди устувори иқтисоди мамлакат ба ҳисоб меравад»,- афзуд Султон Раҳимзода.
Иштирокчиёни ҳамоиш ҳамчунин оид ба натиҷаҳои ислоҳоти анҷомдодашуда, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо мубодилаи афкор намуда, аҳаммияти ҳамкории давлат ва бахши хусусиро дар фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва рушди устувори иқтисоди мамлакат таъкид карданд.
Дар идомаи чорабинӣ масъалаҳои баланд бардоштани рақобатпазирии соҳибкории ватанӣ, густариши имкониятҳои сармоягузорӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва таҳкими ҳамкории соҳибкорон бо сохторҳои давлатӣ баррасӣ гардиданд.
Дар фарҷом иштирокчиён вобаста ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва тақвияти тадбирҳои дастгирии соҳибкорон пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС:АМИТ «Ховар»








КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд






