Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои Агентии обуҳавошиносии мамлакат барои нимсолаи дуюми соли 2026 дар Фурудгоҳи ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Насби стансия дар самти такмили низоми мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ, баланд бардоштани сифати ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти обуҳавошиносӣ, инчунин тақвияти имконияти техникӣ барои назорати мунтазами вазъи обу ҳаво дар минтақаи кӯҳистони кишвар иқдоми муҳим мебошад.
Стансияи худкори обуҳавосанҷӣ бо таҷҳизоти муосири ченкунӣ муҷаҳҳаз буда, имкон медиҳад, ки якчанд нишондиҳандаҳои муҳими обуҳавошиносӣ, аз ҷумла ҳарорат ва намнокии ҳаво, фишори атмосферӣ, самт ва суръати шамол, ҳарорати болои сатҳи замин, давомнокии нурпошии Офтоб, инчунин миқдори бориш (борон, барф) ба таври худкор ва дар вақти воқеӣ чен карда шаванд.
Маълумоти ҷамъоваришуда ба таври худкор ба Маркази ҷамъоварии маълумоти фаврии Агентии обуҳавошиносӣ интиқол дода мешавад. Ин имкон медиҳад, ки маълумоти зарурӣ сари вақт дастрас гардида, барои таҳлили вазъи обу ҳаво, таҳияи пешгӯиҳо ва арзёбии шароити обуҳавошиносӣ дар минтақа истифода шавад.
Истифодаи технологияҳои муосири худкори обуҳавосанҷӣ барои густариши шабакаи мушоҳидаҳо, баланд бардоштани эътимоднокии маълумоти обуҳавошиносӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои соҳа аҳаммияти махсус дорад. Дар шароити мураккаби релефӣ ва иқлимии ноҳияи Мурғоб дастрасӣ ба маълумоти дақиқ ва саривақтии обу ҳаво барои арзёбии вазъи обуҳавошиносӣ, пешгӯии падидаҳои хатарноки обу ҳаво ва таъмини бехатарии фаъолияти соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ муҳим мебошад.
Агентии обуҳавошиносӣ барои такмили заминаи моддию техникии соҳа, татбиқи технологияҳои муосир ва рушди шабакаи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, ба баланд бардоштани сифати маълумот ва дақиқии пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






