Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд

Октябрь 15, 2026 09:38

ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ба нақшаи бунёди иншооти таъйиноти гуногун биноҳои нав сохта мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад.

Дар маҳаллаи Ободони деҳаи Шӯрчаҳ бинои нави бунгоҳи тиббӣ, ки бо саҳми вакилон ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд карда шудааст, ба истифода дода шуд. Бунгоҳи тиббӣ дорои таҷҳизоти заминавии тиббӣ буда, ба аҳолии  деҳа хизмат мерасонад.

Бунгоҳи тиббӣ дар робита ба вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иншооти ҷашнӣ бунёд карда шуд.

Инчунин дар деҳаи Наврӯзтеппаи шаҳр бо саҳмгузории сокинон бинои муассисаи томактабӣ барои 200 кӯдак сохта мешавад.

Дар мавзеи Қаволаи шаҳр мағозаи лавозимоти варзишӣ, хоҷагидорӣ ва боғдории соҳибкор Самадҷон Соҳибназаров низ ба истифода дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

 

Октябрь 15, 2026 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд