Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд

Октябрь 15, 2026 13:05

ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия дар доираи Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ – 2026 таҳти унвони «Як кишвар — як маҳсулоти афзалиятнок» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он намояндаи Тоҷикистон иштрок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҳамоиш рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, муайян намудани маҳсулоти афзалиятноки ҳар як давлат, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва густариши имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ гардиданд.

Ҳамчунин 13 октябр дар Форуми сармоягузории «Даст ба даст» Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода доир ба амнияти озуқаворӣ дар минтақа ва ҷаҳон, таъсири болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ ба бозорҳои истеъмолӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои обу замин, инчунин амалӣ намудани технологияҳои муосири нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ сухан намуд.

Инчунин иштирокчиён доир ба густариши ҳамкории байналмилалӣ, таҳкими шарикии давлат ва бахши хусусӣ, афзоиши иқтидори истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои роҳ ёфтани маҳсулоти кишоварзии ватанӣ ба бозорҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта шуд, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форуми сатҳи баланд барои муаррифии имкониятҳои сармоягузории соҳаи кишоварзии мамлакат, таҳкими ҳамкорӣ  бо шарикони байналмилалӣ ва ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ ба рушди устувори соҳа аҳамияти муҳим дорад.

Дар доираи ин форум вохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо мудири кулли Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ Карл Скау ва  Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсюй Дунъюй баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар рафти вохӯрӣ Тсю Донгюй барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки  аз 11 то 15 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе доир шуд,  ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуд.

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 15, 2026 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд