Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид

Октябрь 14, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр дар шаҳри Бангкоки Подшоҳии Тайиланд дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо Муовини Директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор Бо Ли баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, Файзиддин Қаҳҳорзода оид ба вазъи макроиқтисодии ҷумҳурӣ ва беҳтар гардидани рейтингҳои байналмилалии қарзии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Иброз гардид, ки ташрифи нахустини миссияи хазина оид ба арзёбии шаффофияти фискалӣ ба Тоҷикистон 28 октябри соли равон ва миссия оид ба маблағгузории иқлимӣ пас аз он пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин оғози машваратҳо дар доираи моддаи IV барои моҳи декабри соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идома ва густариши ҳамкории судманд, аз ҷумла дар доираи миссияҳои пешбинишуда, машваратҳо дар доираи моддаи IV ва пешниҳоди кумаки техникӣ иброз намуданд.

Ҳамзамон вохӯрӣ бо Директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор Ҷиҳад Азур баргузор гардид.

Ҷониби Тоҷикистон оид ба сатҳи муътадили таваррум ва таҳкими молияи давлатӣ, рушди устувори иқтисодӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Ҳамчунин беҳтар гардидани рейтингҳои байналмилалии қарзии Тоҷикистон аз ҷониби агентиҳои «Moody’s» ва «S&P» мутаносибан то сатҳҳои «B2» ва «B+» бо дурнамои устувор иброз шуданд.

Мусоҳибон дар фарҷоми мулоқот барои идома ва густариши ҳамкории судманд изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 14, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд