Дар шаҳри Бангкок мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр дар шаҳри Бангкоки Подшоҳии Тайланд мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз таҳти раёсати муовини Директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор Бо Ли баргузор шуд, ки дар кори он Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иштирок намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мулоқот дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор баргузор шуда, ҷониби Тоҷикистон доир ба вазъи макроиқтисодӣ ва натиҷаҳои рушди иқтисодии ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод намуд.
Ҳамзамон аҳамияти ҳамоҳангсозии талошҳои мамлакатҳои минтақа ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ барои коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба буҷет, сатҳи нархҳо ва амалӣ намудани сармоягузориҳои афзалиятнок таъкид шуд.
Инчунин зарурати таъмини дастрасӣ ба маблағгузории имтиёзнок барои амнияти энергетикиву озуқаворӣ, таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, рушди инфрасохтор ва пешниҳоди дастгирии саривақтӣ тавассути воситаҳои ҳамоҳангшудаи вокуниш ба буҳронҳо иброз гардид.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






