Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст

Октябрь 18, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 18.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми истеҳсоли асал дар моҳҳои январ-августи соли равон дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 1690,7 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025    20,7 фоиз кам мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Истеҳсоли асал дар хоҷагиҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 30,7 тонна, вилояти Хатлон 532,5 тонна, вилояти Суғд 493,0 тонна ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 633,7 тоннаро ташкил медиҳад.

Тавре қаблан иттилоъ додем, соли 2025 ҳосили шаҳди занбӯрон барои истеҳсоли асал хеле кам буд. Занбӯрпарварон иброз намуданд, ки тағйирёбии иқлим ва хокбориш боиси тез хазон шудани гулҳо гардида, ҳосил нисбат ба соли 2024 то 20 фоиз кам шудааст.

Занбӯриасалпарварӣ дар Тоҷикистон яке аз бахшҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо асали табиӣ, баланд бардоштани даромади оилаҳо, таъсиси ҷойи нави кор ва беҳтар намудани гардолудшавии зироати кишоварзӣ нақши муҳим дорад. То 1 июли соли 2025 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 270 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфтааст.

АКС аз бойгонӣ

 

 

Октябрь 18, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш