Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст

Октябрь 17, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 17.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 829 ҳазору 848 тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст, ки ҳосили он аз ҳар гектар то 250 сентнерро  ташкил медиҳад.  Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ 39 ҳазору 545 гектар кишти картошка гузаронида шуд, ки то 9 октябри соли равон 34 ҳазору 473 гектари он  ҷамъоварӣ гардидааст.

Тибқи таҳлилҳои олимон, ҳар сокини ҷумҳурӣ соле ба ҳисоби миёна 130 килограмм картошка истеъмол менамояд, ки дар як сол қариб 1,3 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Ҳарчанд меъёри тавсияшудаи истеъмоли картошка дар Тоҷикистон барои як нафар дар як сол 92 килограмм аст. Яъне барои таъмини аҳолии мамлакат дар як сол тақрибан 830 ҳазор тонна картошка истеҳсол намудан зарур аст.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иброз намуданд, «дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст Дар ин давра истеҳсоли картошка 12 баробар зиёд гардид».

Ба иттилои олимони соҳаи кишоварзӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ аз истифодаи самараноку оқилонаи замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ вобаста аст. Агар сокинони мамлакат дар заминҳои наздиҳавлигияшон картошка кишт намоянд, оила бо маҳсулоти худӣ таъмин шуда, захира низ мекунанд.

Дар Тоҷикистон картошка дар минтақаи водии Рашт, ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақаи вилояти Суғд, водии Ҳисор ва минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон парвариш карда мешавад ва навъи беҳтарини он ба минтақаи Рашт рост меояд.

АКС аз бойгонӣ

 

 

 

Октябрь 17, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд