Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид

Октябрь 19, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. То 1 октябри соли 2026 кишоварзони вилояти Суғд ба маблағи 21 миллиарду 51,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 109,6 фоиз зиёд аст. Дар ин давра афзоиши назаррас дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ, аз ҷумла истеҳсоли гӯшту шир ва бунёди боғҳои нав ба қайд гирифта шуд.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли сабзавот 608148,8 тонна, аз ҷумла пиёз 198456,5 тонна, картошка 584707 тонна, полезӣ 171345,7 тонна, ангур 61600,5 тонна, мевагиҳо 182905,4 тонна, аз ҷумла зардолу 89804 тонна ва зироати хӯроки чорво 394824,9 воҳиди хӯрокаро ташкил дод.

Инчунин ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвою паранда дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ бо вазни зинда 74494,2 тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 16985,1 тонна, моҳӣ 707,4 тонна, шир 260944,1 тонна, тухм 705,7 миллион дона, асал 1068,6 тонна, пашм 1698,1 тонна ва пилла 83,5 тоннаро ташкил намуда, суръати афзоиши истеҳсоли гӯшти чорвою паранда 122 фоиз, аз ҷумла гӯшти паранда 109,9 фоиз, моҳӣ 112 фоиз, шир 113 фоиз, тухм 101,3 фоиз, асал 102,3 фоиз, пашм 104,2 фоиз ва пилла 127,1 фоиз таъмин шудааст.

Ба ҳолати 1 октябри соли равон,  дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 463,1 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла 439,5 гектар боғ ва 23,6 гектар токзор бунёд карда шудааст.

Ҳамзамон барқароркунии боғу токзор дар масоҳати 826,1 гектар, аз ҷумла 779,4 гектар боғ ва 46,7 гектар токзори кӯҳна гузаронида шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 19, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд