Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд

Октябрь 14, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр дар шаҳри Женева дар доираи кори Форуми сулҳи Женева мубоҳисаи панелии сатҳи баланд таҳти унвони «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид ва Geneva Peacebuilding Platform ташкил шуда, ба баррасии аҳаммияти Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд дар таҳкими сулҳ, эътимоди мутақобил ва густариши ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бахшида шуд.

Дар мубоҳиса намояндагони доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева, Муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Аҳмад Саидмуродзода, Намояндаи Донишгоҳи сулҳи СММ дар Женева Девид Фернандес Пуяна ва Мудири иҷроияи Geneva Peacebuilding Platform ва Форуми сулҳи Женева хонум Аннисса Беллал иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода аҳаммияти Эъломияи дӯстии абадии Хуҷандро, ки 31 марти соли 2025 аз ҷониби Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ба имзо расид, ҳамчун марҳалаи муҳим дар таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, эътимоди мутақобил ва ҳамкории минтақавӣ таъкид намуд. Дар ин росто, нақши муколамаи сиёсӣ, дипломатияи пешгирикунанда ва талошҳои муштарак дар пешгирии низоъҳо, ҳалли масъалаҳои фаромарзӣ ва таъмини рушди устувор муҳим хонда шуд. Ҳамзамон саҳми хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд бо шарофати сиёсати созандаву дурбинона, ки бинобар ин 25 майи соли равон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ сарфароз гардонида шуданд, баланд арзёбӣ гардид.

Чорабинӣ ҳамчунин имконият фароҳам овард, ки таҷрибаи кишварҳои минтақа дар самти таҳкими сулҳ ва ҳамсоягии нек ба тариқи иродаи қавии сиёсӣ ва ҷасорати қабули қарорҳои муҳим ба нафъи мардумони минтақа, таҳаммулпазирӣ ва хиради азалӣ ҳамчун сабақи судманд барои дигар минтақаҳои ҷаҳон, ки бо мушкилоти геополитикӣ ва масъалаҳои фаромарзӣ рӯ ба рӯ мебошанд, мавриди омӯзиш қарор гирад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

 

Октябрь 14, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид