Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 оид ба футзал дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи октябр ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, рақиби дастаи Тоҷикистон дастаи мунтахаби Русия хоҳад буд. Бозиҳо 18 ва 20 октябр дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Оғози ҳар ду вохӯрӣ соати 19:00 дар назар дошта шудааст.
Қаблан дар сатҳи дастаҳои мунтахаби миллӣ дастаҳои Тоҷикистон ва Русия ду маротиба бо ҳам вохӯрдаанд. Ҳар ду бозӣ соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор шудаанд. Дар рақобати аввал дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 10:7 пирӯз шуда, дар дидори дуюм дастаи мунтахаби Русия бо ҳисоби 6:2 ғолиб омадааст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






