Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои маркази матбуоти Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, 15 октябр дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи Комиссияи доимӣ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа Тоҷикистонро узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи масъалаҳои иҷтимоӣ, тандурустӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Мунира Каримзода ва аъзои Комиссия, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Муҷибахон Ҷавҳарӣ намояндагӣ карданд.
Вакилони парлумон лоиҳаи қонуни намунавиро «Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он» баррасӣ ва тасдиқ намуданд. Ин санад принсипҳои асосии ташкили донорӣ, талабот ба бехатарии хун ва ҷузъҳои он, инчунин ҳуқуқҳои донорҳоро муқаррар месозад. Лоиҳа танзими фаъолияти хадамоти махсусгардонидашударо пешбинӣ мекунад, ки тамоми марҳилаҳо — аз ҷамъоварӣ, ташхиси лабораторӣ ва коркард то нигоҳдорӣ, интиқол ва истифодаи тиббии ҷузъҳои хунро дар бар мегирад.
Ҳамзамон лоиҳаи тавсияҳо оид ба маркетинги маҳсулоти хӯрокворӣ барои кӯдакон низ тасдиқ гардид. Ин масъала хеле муҳим аст, зеро таблиғот ва пешбарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба ташаккули одатҳои ғизоии ноболиғон таъсир мерасонанд. Баррасии ин мавзӯъ қисме аз тадбирҳоест, ки ба пешгирии вазни зиёдатӣ, фарбеҳӣ ва дигар мушкилоти саломатӣ равона шудаанд.
АКС: Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил










Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






