Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид

Октябрь 20, 2026 10:19

ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид, ки он то 28 октябр идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар даври ҷамъбастии озмун 700 нафар, аз ҷумла, 244 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 223 хонандаи муассисаҳои таълимии типпи нав, 184 донишҷӯ ва 49 намояндаи касбу кори гуногун аз рӯйи 8 номинатсия иштирок мекунанд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳё ва густариши фарҳанги донишандӯзӣ, таҳкими маърифат ва тарбияи насли илмомӯзу ихтироъкор баргузор мегардад.

Бо мақсади таъмини шаффофият, содагардонии раванди бақайдгирии иштирокчиён ва такмили низоми идоракунии марҳилаҳои озмун Портали электронии озмун ба роҳ монда шуда, ҳамчунин бо ҷалби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани қисми амалии озмун ба таъмини шаффофият, адолат ва баробарии арзёбии дониш, маҳорат ва қобилияти иштирокчиён мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ба рушди тафаккури илмӣ, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва дарёфту дастгирии истеъдодҳои ҷавон равона шудааст.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 20, 2026 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид