Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар натиҷаи гузаштан аз арзёбии байналмилалӣ соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид, ки мутобиқати фаъолияти муассисаро ба меъёрҳо ва талаботи байналмилалӣ тасдиқ менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ хабар доданд.
Сертификат аз ҷониби Маркази UNEVOC дар Федератсияи Русия, ки дар заминаи Институти технологияҳои иҷтимоии Башқирдистон фаъолият мекунад, дода шудааст.
Тибқи натиҷаҳои арзёбӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба ҳашт меъёри асосии UNESCO-UNEVOC мутобиқат намудааст. Арзёбӣ самтҳои инноватсия, мутобиқат ба талаботи бозори меҳнат, рушди устувор, сифати ҳайати омӯзгорон ва усулҳои таълим, заминаи моддию техникӣ, идоракунӣ, робитаҳои байналмилалӣ, инчунин арзёбӣ ва сертификатсияро фаро гирифтааст.
Сертификат аз 9 октябри соли 2026 то 9 октябри соли 2030 эътибор дорад. Ҳамин тариқ, донишгоҳ ба муддати чор сол соҳиби ин сертификати байналмилалӣ гардид.
Аҳамияти ин дастовард дар он аст, ки тибқи маълумоти пешниҳодшуда Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аввалин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ки соҳиби чунин сертификати байналмилалии чорсола гардидааст.
Ба даст овардани сертификати UNESCO-UNEVOC нишонаи муҳимми эътирофи натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар самтҳои арзёбишуда буда, барои таҳкими мавқеи он дар фазои байналмилалии таҳсилот, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва такмили минбаъдаи сифати таълиму идоракунӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд






