Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар самти таҳкими мавқеи байналмилалӣ ба дастоварди нав ноил шуда, нахустин маротиба ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз — UI GreenMetric World University Rankings дохил гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз донишгоҳ.
Ин дастовард натиҷаи тадбирҳои пайвастаи донишгоҳ дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, рушди фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ, такмили инфрасохтор, густариши ҳамкории байналмилалӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мебошад.
Донишгоҳ дар ин раддабандии байналмилалӣ якумин маротиба иштирок намуда, аз байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон, ки дар UI GreenMetric муаррифӣ шуданд, ҷойи 3-юмро ишғол намуд. Ин натиҷа барои донишгоҳ, ба хусус бо назардошти иштироки нахустин дар раддабандӣ дар самти рушди минбаъдаи инфрасохтори устувор ва тақвияти мавқеи байналмилалӣ қадами муҳим ба ҳисоб меравад.
UI GreenMetric фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олиро аз рӯйи нишондиҳандаҳои марбут ба устувории экологӣ, истифодаи захираҳо, таълиму таҳқиқот ва идоракунии донишгоҳ арзёбӣ менамояд.
Дохил гардидан ба UI GreenMetric барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ на танҳо нишондиҳандаи ҳузури байналмилалӣ, балки имконияти муҳим барои арзёбии вазъи кунунӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди устувор мебошад.
Иштирок дар чунин низоми байналмилалӣ ба Донишгоҳи техникӣ имкон медиҳад, ки таҷрибаи худро бо донишгоҳҳои давлатҳои гуногун муқоиса намуда, барои истифодаи самараноки энергия ва об, идоракунии партовҳо, рушди нақлиёти устувор, беҳтар намудани муҳити донишгоҳӣ, тақвияти таҳқиқоти илмӣ ва рақамикунонии идоракунӣ барномаҳои нав ба роҳ монад.
Донишгоҳ дар якчанд раддабандиҳо ва низомҳои арзёбии байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олӣ муаррифӣ гардида, барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳо тадбирҳои пайваста меандешад. Ишғоли ҷойи 3-юм дар байни донишгоҳҳои Тоҷикистон дар UI GreenMetric дар нахустин соли иштирок дастоварди муҳим ва ҳамзамон масъулияти бештар барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳо дар солҳои оянда мебошад.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид






